Абулқосими Қумӣ
Абулқосими Қумӣ ибни Муҳаммад, маъруф ба Мирзои Қумӣ (1740, Гелон – 1836, Қум) — шоир ва донишманди эронӣ.
Таърихи таваллуд: | 1740 |
---|---|
Зодгоҳ: | Гелон |
Таърихи даргузашт: | 1836 |
Маҳалли даргузашт: | Қум |
Навъи фаъолият: | шоир |
ЗиндагиномаВироиш
Пас аз таҳсили улуми давр дар Ироқ ба Қум баргашт ва дар ин ҷо зиндагиву эҷод мекард. Ба ду забон – форсиву арабӣ оид ба фиқҳ, калом, ҳикмат, маонӣ ва ғ. асарҳои бисёри манзуму мансур эҷод кардааст. Яке аз асарҳои манзумаш – «Саволу ҷавоби Мирзои Қумӣ» дар замони зиндагии муаллиф шуҳрат ёфта буд. Рисолаҳои Абулқосими Қумӣ «Қавонин», «Ғаноим», «Муршиду-л-авом» то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд ва мавриди омӯзиши олимони эронӣ қарор доранд. Аз Абулқосими Қумӣ девони ашъор шомили 5 ҳазор байт боқӣ мондааст.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.