Абулқосим Бобур
Абулқосим Бобур, (1422, Ҳирот – 1457, Машҳад) — ҳокими Хуросон (1449 – 1457), аз сулолаи Темуриён, писари Бойсунқур, набераи Шоҳрух, бародари хурдии Улуғбек.
1449 — 1457 | |
Таваллуд |
1422 |
Даргузашт |
1457 Машҳад |
Дудмон | дудмони Темурӣ |
Сулола | Темуриён |
Падар | Бойсунқур[1] |
Фарзандон | Mirza Shah Mahmud[d] |
Ҳукмронӣ
вироишБаъд аз фавти Бойсунқур писаронаш Султон Муҳаммад, Алоуддавла ва Абулқосим Бобур дар хонаи бобояшон Шоҳрух (вафот 1447) тарбия гирифтанд. Баъд аз фавти Шоҳрух барои ба даст овардани тахти шоҳӣ байни наберагон талоши молу мулк сар шуд.
Абулқосим Бобур дар ҷанги сари тахт ғолиб баромада, соли 1449 Хуросон ва моҳи феврали ҳамон сол Ҳиротро тасарруф намуд. Соли 1454 ба Самарқанд лашкар кашида онро муддати чиҳил рӯз дар иҳота нигоҳ дошт. Сипас бо Султон Абусаид сулҳ баста ба Ҳирот баргашт. Абулқосим Бобур ба адабиёт дилбастагӣ дошта ба форсӣ шеърҳо ҳам навиштааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.