Абулқосим (шоир)
Абулқосим (ном ва таваллуд номаълум) — шоир ва табиби тоҷик (асри 16).
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишПадараш Мавлоно Дарвеш Ҳусайнӣ табиби хосаи Алишери Навоӣ буд. Мувофиқи маълумоти «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисорӣ Абулқосим ҷузъиёти илми тиб ва дигар илмҳои расмии даврашро аз худ карда буд. Баробари ин Абулқосим дар шоирӣ даст дошта, дар навъҳои гуногуни адабӣ шеър мегуфтааст. Аз осораш намунаҳои кам тавассути тазкираи Нисорӣ боқӣ мондаанд.
Абёти зерин аз ӯст:
Надорӣ боварам, эй лоларухсор,
Ки гаштам дар ғами ишқи ту бемор.
Баски девонаам аз ҳаҷри рухи ёр имшаб,
Мекунам нолаву фарёд мани зор имшаб.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Каримов У., Адабиёти тоҷик дар асри XVI, Д., 1985;
- Ҳамон муалл., Литературно-исторические источники и основные тенденции таджикской литературы XVI века, Д., 2000.
Сарчашма
вироиш- Абулқосим // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.