Абумансур Муҳаммад
Абумансур Муҳаммад ибни Абдурраззоқ (форсӣ: ابومنصور محمد بن عبدالرزاق; ? – 963) — ходими давлатии форс-тоҷик.
форсӣ: ابومنصور محمد بن عبدالرزاق | |
Даргузашт | 963 |
Зиндагинома
вироишАз ашрофи шаҳри Туси Эрон. Муддате ҳокими ҳамин шаҳр буд. Солҳои 947 – 951 якчанд бор сипаҳсолори Хуросон таъйин гардида, боз маъзул шудааст. Давраи нисбатан оромтари сипаҳсолории ӯ солҳои 951 – 963 мебошад. Абумансур ба таърихи куҳани Эрон, ҳамосаҳои қаҳрамонӣ, афсонаҳову ривоятҳо ва достонҳои бостонии мардуми эронинажод таваҷҷуҳи хос дошт. Ба сабаби ҳамин дилбохтагӣ вай вазири худ Абумансури Муаммириро маъмури тадвини асаре дар таърихи подшоҳони Эрон кард. Муаммирӣ чаҳор нафар мубади донишманди деҳқоннажод (ашрофон)-ро ба Тус хонда, навиштани асареро оид ба таърихи Эрони бостон ба уҳдаи онон вогузошт. Асари навиштаи онҳо ба ифтихори Абумансур «Шоҳномаи Абумансурӣ» ном гирифт. Ин асар маъхази асосии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ будааст. Фирдавсӣ дар бораи Абумансур навиштааст:
- Яке паҳлавон буд деҳқоннажод,
- Далеру бузурге хирадманду род.
- Пажӯҳандаи рӯзгори накӯст,
- Гузашта суханҳо ҳама бозҷӯст.
- Зи ҳар кишваре мубаде солх(в) ард,
- Биёварду ин номаро гирд кард.
- Бипурсидашон аз нажоди Каён
- В-аз он номдорону фаррухгавон.
- Бигуфтанд пешаш якояк меҳон,
- Суханҳои шоҳону гашти ҷаҳон.
- Чу бишнид аз эшон сипаҳбад сухун,
- Яке номвар нома афганд бун.
- Чунон ёдгоре шуд андар ҷаҳон,
- Бар ӯ офарин аз кеҳону меҳон.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.