Абумаҳмуди Хуҷандӣ
Абумаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ (форсӣ: ابومحمود حامد بن خضر خجندی; тақр. 930, Хуҷанд — тақр. 1000, Бағдод) — ахтаршинос, риёзидон ва ихтироъкори форс-тоҷик.
форсӣ: ابومحمود حامد بن خضر خجندی | |
Таърихи таваллуд: | 940 |
Зодгоҳ: | Хуҷанд, давлати Сомониён |
Таърихи даргузашт: | 1000 |
Кишвар: |
|
Фазои илмӣ: | риёзиёт ва ахтаршиносӣ |
Ҷойҳои кор: |
ЗиндагиномаВироиш
Фаъолияти илмии Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳрҳои Бағдод ва Рай гузаштааст. Замони зиндагии Абумаҳмуди Хуҷандӣ ба давраи ҳукмронии Давлати Сомониён (825—999) рост меояд.
АхтаршиносӣВироиш
Ӯ соли 994 дар шаҳри Рай, дар дабори амири бувайҳӣ Фахруддавлаи Дайламӣ ба расадбандӣ ва мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ пардохтааст. Абумаҳмуди Хуҷандиро устоди Абурайҳони Берунӣ меҳисобанд. Берунӣ бори аввал бо Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар Рай шинос шуда, дар расадхонаи «Таборак» аз ӯ олати секстант (судс)-ро омӯхта буд. Ӯ дар «Китобу-т-таҳдиди ниҳоёти-л-амокин ли тасҳеҳ масофоти-л-масокин» ном асараш Абумаҳмуди Хуҷандиро дар сохтани устурлоб ва тайёр намудану ихтирои дигар олоти нуҷумӣ фарди фавқулода ва ягонаи замон ҳисобидааст.
Судси ФахрӣВироиш
Бинобар ахбори Берунӣ судси Абумаҳмуди Хуҷандӣ, ки ба шарафи ҳокими давр — Фахруддавла «Судси Фахрӣ» номгузорӣ шудааст, аз лиҳози бузургӣ ва дурустӣ аз дигар олоти нуҷумии ҳамон замон бартарӣ доштааст. Қутри судси сохтаи Абумаҳмуди Хуҷандӣ 86 м буда, аз рӯи қоида ба дараҷа, дақиқа ва сонияхо тақсим шуда буд. Судси номбурдаи Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар назди шаҳри Рай, дар қуллаи кӯҳи Таборак гузошта шуда буд.
Абумаҳмуди Хуҷандӣ бо асбоби сохтаи худ бори аввал соли 994 қимати майли мадори Офтоб (эклиптика)-ро 23°32’21" муайян карда буд. Ин бузургӣ мувофиқи формулаи астрономи амрикоӣ Саймон Нюком 23°34’13"-ро ташкил медиҳад, ки тафовути на он қадар бузург дорад. Асбобҳои нуҷумии расадхонаҳои Мароға (асри 13), Самарқанд (асри 15) ва Ҷайпур (асри 17) дар асос ва тимсоли судси Абумаҳмуди Хуҷандӣ сохта шуда буданд. Мунаҷҷими шинохтаи садаи XVI-и форс-тоҷик Низомиддин Абдуалӣ ибни Муҳаммад Бирҷандӣ (вафот 1525) дар «Шарҳи бист боб дар маърифати устурлоб» ном асараш Судси Фахриро дар байни ҳамаи асбобҳои астрономии Шарқи Миёна дар ҷойи аввал гузоштааст. Риёзидон ва мунаҷҷими овозадори форс-тоҷик Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ сохт ва тарзи истифодаи ин асбобро дар асари худ «Рисола дар шарҳи олоти расадӣ» шарҳ додааст.
РиёзиётВироиш
Абумаҳмуди Хуҷандӣ ба ғайр аз илми нуҷум дар риёзиёт ҳам нодири замон буд. Теоремаеро, ки имрӯз дар математика бо номи теоремаи Ферма маъмул аст, 600 сол қабл аз ӯ Абумаҳмуди Хуҷандӣ ибтидо гузошта буд. Дар бораи рисолаи риёзӣ ва комёбии Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар соҳаи илми ҳисоб риёзидони садаи X Абуҷаъфари Хозин дар «Рисола фӣ иншо ал-мусалласот ал-қоимати-з-завоё ал-мантиқ ал-азлоъ» ном асараш ёдовар шудааст. Дар он қайд мешавад, ки дар рисолаи Абумаҳмуди Хуҷандӣ собит шудааст, ки ҳосили ҷамъи ду адади мукааб (кубӣ) адади мукааб буда наметавонад. Яъне дилхоҳ ададҳои натуралии x, y, z-ро пайдо кардан наметавон, ки баробарии зеринро қонеъ гардонад: x3+y3=z3.
Ҳамин теоремаи Абумаҳмуди Хуҷандӣ бидуни шак ҳолати хусусӣ ва намунаи равшани теоремаи охири Ферма, яъне xn+yn=zn дар сурати n>2 будан аст. Ҳамчунин Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар соҳаи илми мусалласот (тригонометрия) теоремаи синусҳоро дар шакли: низ ҳосил карда буд. Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар инкишофи назарияи мусалласоти куравӣ ва ҳалли муодилаҳои квадратӣ ва кубӣ, инкишофи илми нуҷум ва такмилу сохтани олоти расадӣ саҳми босазое гузоштааст.
ОсорВироиш
Аз Абумаҳмуди Хуҷандӣ 2 рисолаи риёзӣ ва 6 рисолаи нуҷумӣ бо номҳои зайл боқӣ мондаанд, ки дар китобхонаҳои Байрут, Қоҳира, Оксфорд, Париж ва Теҳрон маҳфузанд.
- «Масоил мутафарриқа ҳандасиййа»
- «Китоб ал-ола аш-шомила»
- «Рисола фӣ тасҳеҳи-л-майл ва арзи-л-балад»
- «Китоб ал-амал би-з-зарқола»
- «Рисола ас-сафиҳа ал-афоқиййа ал-мусаммо би-л-ҷомиа»
- «Китоб самт ал-қибла»
- «Китоб фӣ соати-л-мозиййа фи-л-лайл»
Пажуҳиши осор ва зиндагӣВироиш
Осори боқимондаи Абумаҳмуди Хуҷандӣ аз тарафи муаррихону пажӯҳишгарони хориҷӣ ба монанди Ҳоҷӣ Халифа, Абулқосими Қурбонӣ, П. Кунитш, Э. Видеман, К. Шой, А. П. Юшкевич, Б. А. Розенфелд, Н. Г. Хайретдинова, А. Ахмедов ва дигарон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар Тоҷикистон Абдуллозода Х. ва Неъматов Н. асарҳо таълиф намудаанд.
ЭзоҳВироиш
АдабиётВироиш
- Абдуллозода Х. Ф., Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва таърихи астрономияи халқи тоҷик, Х., 2005;
- Абдуллазаде Х. Ф., Негматов Н. Н., Абумахмуд Худжанди, Д., 1986;
- Илолов М., Комилӣ А. Ш., Илм дар замони Рӯдакӣ, Д., 2008;
- Қурбонӣ А., Риёзидонони эронӣ аз Хоразмӣ то Ибни Сино, Т., 1350.
СарчашмаВироиш
- Абумаҳмуди Хуҷандӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
ПайвандҳоВироиш
- Таваккал ИДРИСЗОДА. Фарҳанги техникии мо таърихи ҳазорсола дорад, «Ҷумҳурият».
- Ҷон Ҷ. О’Коннор ва Эдмунд Ф. Робертсон. Абумаҳмуди Хуҷандӣ(англ.) — зиндагинома дар бойгонии MacTutor.
- Нобиғаҳо: Абумаҳмуди Хуҷандӣ. Филми мустанади Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ(тоҷ.) — ТВ Синамо.