Абунасри Мушкон
Абунасри Мушкон (форсӣ: ابونصر مشکان; ? — 1039, Ғазна) — насрнавис ва адиби форс-тоҷик.
Таърихи даргузашт: | 1040 |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | дабир, давлатмард |
Забони осор: | форсӣ ва арабӣ |
Зиндагинома
вироишПас аз таҳсили улуми мутадовилаи давр ба хидмати давлати Ғазнавиён дохил шуд. Муддати 30 сол дар девони рисолати султон Маҳмуди Ғазнавӣ (ҳукмронӣ 998—1030) ва писари ӯ Масъуди Ғазнавӣ (ҳукмронӣ 1030—1041) вазифаи дабириро ба уҳда доштааст. Дар дарбор яке аз шахсони муътабар ба шумор мерафт. Султонҳо Маҳмуд ва Масъуд оид ба корҳои муҳими давлатӣ бо вай маслиҳату машварат мекарданд. Абунасри Мушкон аз нозукиҳову нафосат, обу ранги бадеии забонҳои форсиву арабӣ огоҳӣ дошт. Бо амри султонҳо номаҳои давлатиро бо сабку услуби маъмул дар номанигорӣ (зебу орои сухан, истифода аз саноеи бадеъ ва ғайра) иншо мекард. Абунасри Мушкон дар дарбори султон Масъуди Ғазнавӣ 19 сол ҳамроҳ бо таърихнигор Абулфазли Байҳақӣ ҳамкор буд. Байҳақӣ Абунасри Мушконро чун устоди худ эътироф кардааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Абунасри Мушкон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.