Абусаид Махдум (? — 1910, Самарқанд) — хаттот ва кишваршиноси тоҷик, гирдоварандаи дастнависҳои шарқӣ ва осори атиқа.

Абусаид Махдум
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1910
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: бостоншинос

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи мударрисоли Дар Мадрасаи Тиллокории Самарқанд таҳсил кардааст. Аз овони ҷавонӣ ба таъриху маданияти тоҷик ва дигарон халқҳои Осиёи Миёна шавқи зиёд дошта, ҳангоми таҳсил дар мадраса бисёр асарҳои таърихиро гирдоварӣ ва китобат намудааст. Дертар бо шарқшиносони рус Н. И. Веселовский, В. В. Бартолд, В. Л. Вяткин, Абусаид Махдум Семёнов шинос шуда, дар омӯзиши осори ниёгони тоҷикон бо онҳо ҳамкорӣ кардааст.

Корҳо

вироиш

Барои Н. И. Веселовский асари таърихии Абутоҳирхоҷа «Сармария»-ро китобат кардааст, ки тарҷумаи русии он соли 1899 ба табъ расид. Ғайр аз ин барои В. В. Бартолд бисёр дастнависҳои шарқӣ, аз ҷумла нусхаҳои асари таърихии Мирхонд «Равзат-ус-сафо»-ро гирд овардааст. Барои Музейи маданияти Осиё (Москва) васиқаҳо, ҳуҷҷатҳои давлатӣ, вақфномаҳо ва ғайраро ҷамъ намудааст. Ба В. Л. Вяткин дар кори муайян намудани ҷойи Расадхонаи Улуғбек ёрӣ расонда, солҳои 1908—1909 дар ҳафриёти он иштирок кардааст.

Адабиёт

вироиш