Абутайиби Тоҳир (Абутайиб ибни Абдуллоҳ ибни Тоҳир; 861, Марв — 913, Бухоро) — мусиқишинос, навозанда ва хонандаи форс-тоҷики даврони Сомониён.

Абутайиби Тоҳир
Таърихи таваллуд 861(0861)
Зодгоҳ Марв
Таърихи даргузашт 913(0913)
Маҳалли даргузашт Бухоро
Пеша(ҳо) мусиқидон

Зиндагинома вироиш

Аз донишмандони илми мусиқии аҳди Сомониён. Асосҳои амалӣ ва назариявии мусиқиро назди Абулаббоси Сарахсӣ (вафот 899), Аҳмади Сарахсӣ (вафот 901), Абулаббоси Бахтиёр (вафот 920) омӯхтааст. Дар омӯзишу тарғиби осори хаттии паҳлавӣ, шарҳу тафсири асарҳои донишмандони Юнони Қадим — Арасту, Афлотун, Никомах, Батлимус ва Уқлидус саҳми босазо гузоштааст. Асарҳои чанде аз ин мусиқидононро ба арабӣ тарҷума карда, ба онҳо шарҳу эзоҳ навиштааст.

Осори мусиқӣ вироиш

Абутайиби Тоҳир оид ба мусиқӣ асарҳои мукаммали назариявӣ, аз ҷумла «Китоб-ул-одоб-ил-ғиноъ» ва «Китоб фӣ-н-нағам» навиштааст. ӯ дар ин асарҳояш мусиқиро чун илм ва санъат тафсир дода, оид бо созҳои мусиқӣ, ҷанбаҳои гуногуни созу овоз, комёбию норасоиҳои афкори мусиқишиносони Юнони Қадим нуқтаи назари худро баён намудааст. Бино ба гуфти Ибни Надим («Ал-Феҳрист») ва Ибни Усайбия («Уюн-ул-анбаъ») тарҷумаи «Қонунҳои мусиқӣ»-и Афлотун аз ҷониби Абутайиби Тоҳир аз ҷумлаи беҳтарин тарҷума ва тафсирҳо будааст. Абутайиби Тоҳир дар асарҳояш ба анъанаҳои таърихии афкори мусиқии мардуми эронинажод диққати махсус дода, мусиқии аҳди Сосониёнро аз саҳифаҳои бой ва рангини созу овоз шуморидааст. Хусусан дар асараш «Китоб фӣ-н-нағам» («Китоб оид ба сурудҳо») баробари тафсири таркиботи суруд, таронаҳои қадимии тоисломӣ ва замонаш, инчунин роҷеъ ба силсилаи «Хусравониёт», «Форсиёт», шаклҳои маъмули сарояндагии аҳди Сосониён «чома» («чакомак»), «транак» («тарона»), «патвожа», «паҳлавиёт» маълумоти мукаммал дода, онро ба ҳаёти мусиқии садаҳои 9 — 10 пайвастааст. Офаридаҳои Абутайиби Тоҳир ҳамчун сарчашмаи мӯътамади мусиқӣ эътироф шуда, дар ҳалли бисёр масъалаҳои созу овоз чун дастур кумак намудаанд. Аз ҷумла Абунасри Форобӣ дар «Китоб-ул-мусиқӣ-ал-кабир» аз онҳо баҳра бардоштааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Раҷабов А., Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мксиқии замони Рӯдакӣ, Д., 2008.