Абутоҳири Тарсусӣ
Абутоҳир ибни Ҳасан иби Алӣ ибни Мӯсои Тарсусӣ (форсӣ: ابوطاهر بن حسن بن علی بن موسی طرسوسی; зод. асри XII) — достонсарои форс-тоҷик (асри 11).
Таърихи таваллуд: | асри XII |
---|---|
Навъи фаъолият: | нависанда |
Жанр: | наср |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишДар баъзе сарчашмаҳо бо номи Тарсусӣ низ зикр шудааст. Абутоҳири Тартусӣ дар сарчашмаҳо муаллифи достонҳои «Абумуслимнома», «Қаҳрамоннома», «Искандарнома», «Қирони Ҳабашӣ», «Мусайибнома», «Қиссаи Ҷамшед», «Ҳушангнома», «Доробнома», «Айёрнома» ёд шудааст. Абутоҳири Тартусӣ достонҳояшро забонӣ гуфтааст, сипас онҳоро касони дигар ба шакли китоб даровардаанд. Бо вуҷуди он ки матни асарҳо навишта мешуданд, достонсароёни дигар онҳоро ҳамчунон забонӣ ҳикоят мекарданд. Аз рӯи матн ошкор кардани пайдоиши он асарҳо душвор аст. Дар ин сурат барои таъйини рӯзгори достонсаро маълумоти бавосита аҳамият пайдо мекунанд. Аз рӯи пешгуфтори достони туркии «Айёрнома» онро Абутоҳири Тартусӣ дар ҳузури Султон Маҳмуди Ғазнавӣ гуфтааст. Қиссаҳои боқимондаи Абутоҳири Тартусӣ гувоҳи истеъдоди баланди достонсароии ӯянд. ӯ ба достонсароёни пасина таъсири бузург гузоштааст. Онҳо аз сужетсозиву саҳнаороиву тасвирҳои ӯ, саргузаштҳои рангини айёрони ӯ фаровон истифода кардаанд.
Осор
вироиш- Достони Бӯрондухт ва Искандар, Д., 1991;
- Абумуслимнома, Д., 1994.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абутоҳири Тартусӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Чиллаев К., Народный роман «Абу Муслим-наме», Д., 1985.