Абуусмон Саид ибни Мусаҷҷаҳ (? — 720, Димишқ) — мусиқишинос ва ҳофизи форс-тоҷик.

Абуусмон Саид
Таърихи даргузашт 720(0720)
Маҳалли даргузашт Димишқ
Пеша(ҳо) мусиқишинос, ҳофиз

Зиндагинома

вироиш

Ӯро ҳоким Абдуллоҳ Ибни Забир ҳамроҳи ғуломон аз Ироқ оварда буд, Абуусмон Саид дар баробари иштирок дар тармими Каъба суруду оҳангҳои ҳамкорони форсашро омӯхта, лаёқати хуби ҳунарварӣ пайдо кард ва баъд барои истеъдоди баланди ҳунарвариаш аз ғуломӣ озод шуда, баҳри такмили маҳорат ба Эрон мусофират намуд. ӯ навохтани созҳои гуногуни мусиқӣ ва назарияи мусиқии Эронро ба дараҷаи аъло аз худ кард. Пас аз чанде ба Ҳиҷоз баргашта, алҳони арабиро ба сабки эронӣ тартиб дод. Бино ба маълумоти мусиқидонони замонаш Абуусмон Саид дар овозхонӣ ханҷараи довудӣ дошта, мусиқии арабро зимни оҳангҳои эронӣ ва румӣ такмил додааст. Абуусмон Саид дар Мадина аввалин мадрасаи мусиқиро бунёд кардааст, ки шогирдонаш сабки ӯро сартосари кишварҳои арабӣ ҷорӣ намудаанд. Вале пас аз чанде ин мадраса бо иғвои уламои мутаассиб барҳам хӯрдааст. Исҳоқи Мавсилӣ ба фаъолияти Абуусмон Саид баҳои баланд дода, ӯро нахустин касе медонад, ки «мусиқии форсро ба Макка овардааст». Мусиқидони бузург Алӣ ибни Ҳошим Абуусмон Саидро нахустин касе шуморидааст, ки мусиқии арабро ба сабки эрониҳо маъмул намудааст. Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар «Китоб-ул-ағонӣ» Абуусмон Саидро поягузори оҳангҳои арабии баъд аз ислом донистааст. Абуусмон Саид охирҳои умр ба Димишқ рафта, ба дарбори халифаи Умавиён роҳ ёфт. Суруду оҳангҳои таснифкардаи ӯ минбаъд байни хонандагону навозандагон маъмул будаанд.

Адабиёт

вироиш