Абуҳотими Сиҷистонӣ
(Тағйири масир аз Абуҳотами Сиҷистонӣ)
Абуҳотим Саҳл ибни Муҳаммад ибни Усмон ибни Язиди Сиҷистонӣ (ар. أبوحاتم سهل بن محمد بن عثمان بن يزيد السجستاني; ? — 869) — забоншинос, муаррих, муҳаддис, шоир арӯздони арабинависи эронитабор, яке аз шогирдони Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, аз намояндагони ҷунбиши шуъубӣ.
Таърихи даргузашт | 869 |
---|---|
Пеша | муҳаддис |
Таълифот Вироиш
Аз таълифоти ӯ, ки мувофиқи иттилои сарчашмаҳо шумораашон ба 97 мерасидааст, танҳо асарҳое бо номи «Ал-Ҳашарот», «Халқ-ул-инсон», «Ал-Вуҳуш», «Ан-Нахла» (соли 1887 ба табъ расидааст), боқӣ мондаанд, ки асосан дар илми луғатанд. Ба қалами ӯ инчунин асари тазкирамонанди таърихие бо номи «Ал-Муаммарин» тааллуқ дорад, ки дар он аз 110 наф. шоир, ҷанговар ва сардорони қабилаҳои пешазисломии араб сухан меравад.
Эзоҳ Вироиш
Адабиёт Вироиш
- Абуҳотами Сиҷистонӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.