Абуҳотими Сиҷистонӣ

Абуҳотим Саҳл ибни Муҳаммад ибни Усмон ибни Язиди Сиҷистонӣ (ар. أبوحاتم سهل بن محمد بن عثمان بن يزيد السجستاني‎; ? — 869) — забоншинос, муаррих, муҳаддис, шоир арӯздони арабинависи эронитабор, яке аз шогирдони Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, аз намояндагони ҷунбиши шуъубӣ.

Абуҳотами Сиҷистонӣ
ар. سهل بن محمد بن عثمان الجشمي السجستاني
Таърихи таваллуд 781[1]
Таърихи даргузашт 869[1] ё 862[2]
Пеша забоншинос, наҳвӣ, луғатшинос, фарҳангнавис

Таълифот

вироиш

Аз таълифоти ӯ, ки мувофиқи иттилои сарчашмаҳо шумораашон ба 97 мерасидааст, танҳо асарҳое бо номи «Ал-Ҳашарот», «Халқ-ул-инсон», «Ал-Вуҳуш», «Ан-Нахла» (соли 1887 ба табъ расидааст), боқӣ мондаанд, ки асосан дар илми луғатанд. Ба қалами ӯ инчунин асари тазкирамонанди таърихие бо номи «Ал-Муаммарин» тааллуқ дорад, ки дар он аз 110 наф. шоир, ҷанговар ва сардорони қабилаҳои пешазисломии араб сухан меравад.

  1. 1.0 1.1 https://data.cerl.org/thesaurus/cnp00393992 (ингл.)Consortium of European Research Libraries.
  2. الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 3. — С. 143.

Адабиёт

вироиш