Абу Лаҳаб
Абдулуззо ибни Абдулмутталиб ал-Қурайшӣ (ар. عبد العزى بن عبد المطلب القرشي, ба номи Абулаҳаб маъруф аст (ар. أبو لَهَب 549 — 624, Макка, Ҳиҷоз) — амаки ҳазрати Муҳаммад (с) ва яке аз мухолифони ашаддии ӯ дар давраи охири Маккаи фаъолияташ. Дар Қуръон номи ӯ дар сураи Масад зикр шудааст.
Абу Лаҳаб | |
---|---|
араб. ар. أَبُو لَهَبٍ | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | бозаргон, сиёсатмадор, диссидент |
Таърихи таваллуд: | 549 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 624 |
Маҳалли даргузашт: | |
Падар: | Абдулмуталлиб[1] |
Модар: | Lubna bint Hajar[d] |
Ҳамсар | Umm Jamil[d][2] |
Фарзандон: | Utbah ibn Abi Lahab[d], Utaybah bin Abu Lahab[d], Q16127345?, Дурра бинти Абулаҳаб[d], Q104029490? ва Q104029491? |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Тарҷумаи ҳол
вироишДар аввал муносибати Абулаҳаб бо паёмбар Муҳаммад (с) хуб буд, писаронаш ба духтарони паёмбар издивоҷ карданд. Пас аз даргузашти Абутолиб дар соли 619 Абулаҳаб сарвари Бани Ҳошим шуд ва то замони саркашии ниҳоии Муҳаммад аз ибодати худоёни бутпарастӣ дифоъ аз Муҳаммадро идома дод.
Номи Абулаҳаб (падари оташ, сокини дӯзах) мувофиқи оятҳои сураи Масад ба ӯ гузошта шудааст.
Абулаҳаб ба сабаби хоби нохуше, ки хоҳараш Отика дида буд, дар ҷанги Бадр иштирок накард. Барои муҷаҳҳаз ва таъмини лашкари Қурайш маблағҳои калон ҷудо кард. Пас аз пирузии мусалмонон дар ин набард бисёр ғамгин шуд ва пас аз чанд руз вафот кард. Аз бӯи баданаш, ҳатто фарзандонаш чанд рӯз ба ӯ наздик нашуданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Али-заде А. Абд аль-Мутталиб (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
- ↑ Али-заде А. Абу Лахаб (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.