Абусалики Гургонӣ
Абусалики Гургонӣ (форсӣ: ابوسلیک گرگانی; зод. 870-ум, Эрон) — аз қадимтарин шоирони порсигӯйи давраи исломӣ, муосири Амри Лайс ва Фирӯзи Машриқӣ.
Таърихи таваллуд: | 870-ум |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишМуҳаммад Авфии Бухороӣ ин шоирро бо Амру ибни Лайси Саффорӣ ҳамзамон медонад, ки дар солҳои 911—913 милодӣ бар Хуросону Систон ҳукумат кардааст. Манучеҳрӣ низ Абусаликро дар шумори шуъарои қадими Хуросон ёд кардааст. Абёти зайл дар маъхазҳо ба номи Абусалики Гургонӣ сабт гардидаанд:
Намунаи абёт
вироишДар ҷанби улувви ҳимматат чарх
Монандаи вушм пеши чарғ аст.
Ба мижа дил зи ман бидуздидӣ,
Эй ба лаб қозию ба мижгон дузд.
Музд хоҳӣ, ки дил зи ман бурдӣ,
Ин шигифтӣ кӣ дид, дузд ба музд?
Чунон мустағрақам дар ғам, ки мутриб
Агар дар ғам сарояд, ғам физояд.
Хуни худро гар бирезӣ бар замин,
Беҳ, ки оби рӯй резӣ дар канор.
Бутпарастанда беҳ аз мардумпараст,
Панд гиру кор банду гӯш дор.
Бар муродат чун нагардад то қиёмат даври чарх,
К-аз ту дар сайранд доим меҳру моҳу даздама.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Сталинобод, 1958:
- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. Душанбе: Адиб, 2007;
- صفا، ذبیحالله. تاریخ ادبیات ایران (جلد اول). چاپ بیستم. تهران: ققنوس، ۱۳۸۱. ۵۷