Давлати Саффориён
Давлати Саффориён (форсӣ: صفاریان) — давлат дар маркази Систон, байни Афғонистон ва Эрони имрӯза дар давраи 873—900. Пойтахтҳои Саффориён шаҳрҳои Заранҷ ва Нишопур буданд. Бародарон Яъқуб ибни Лайс ва Амр ибни Лайс ҳукуматдорони давлат дар кишвари Хуросон буданд. Сулолаи Саффориён баъд аз заволи Тоҳириён соли 873 сари қудрат омадааст.
Давлати Саффориён | |||||||||
форсӣ: صفاریان | |||||||||
| |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||||
Давлати Саффориён дар ҳоли қудрати Яъқуб ибни Лайс | |||||||||
Пойтахт | Заранҷ Нишопур | ||||||||
Шаҳрҳои бузургтарин | Нишопур, Марв Ҳирот, Балх, | ||||||||
Дин | Ислом, суннӣ | ||||||||
Майдон | 2,000,000 км² | ||||||||
Аҳолӣ | 20,000,000 (мардумони эронӣ, Балуҷҳо, Форсҳо, ва ғайраҳо) | ||||||||
Шакли ҳукмронӣ | Аморат | ||||||||
Сулола | Саффориён | ||||||||
Амир | |||||||||
- 840 то 879 | Яъқуб ибни Лайс | ||||||||
- 963 — 1002 | Халаф ибни Аҳмад | ||||||||
Кишварҳои ҳозира | |||||||||
Таърих | |||||||||
- 873 | Таъсис - Яъқуб ибни Лайс | ||||||||
- 840 то 879. | Расидан ба бузургтарин қудрат дар замони - Яъқуб ибни Лайс | ||||||||
Давомнокӣ | |||||||||
← Хилофати Аббосиён ← Тоҳириён Давлати Сомониён → Давлати Ғазнавиён → |
Таърих
вироишСарсулолаи хонадони Саффориён Лайс, ки ба мисгарӣ машғул буд (ва бо забони арабӣ ин шуғлро «саффор» меноманд), чаҳор писар дошт, ки дар айёми нобасомони миёнаи қарни IX ҳамагӣ ба ҷангу сипоҳ сару кор доштанд. Тоҳир ва Алӣ дар хидмати дигар саркардаҳои ҳарбии он рӯз қарор доштанд. Яъқубу Амр бошад ба айёрӣ ё ба таъбири дигар ба роҳзанӣ машғул буданд. Халифаи Бағдод барои фурӯ нишонидани ошӯби хориљиён дар Хуросону Сиистон Солеҳ ибни Насрро фиристод. Ӯ бо шикаст додани хориҷиён ва сомон бахшидани авзои минтақа дар чашми ҳукуматдорон ва миёни мардум маҳбубият пайдо кард. Пас аз фавти Солеҳ ҷойнишини ӯ Дирҳам ибни Ҳасан натавонист, ки миёни лашкариён нуфузу эътибор пайдо кунад. Яъқуб бо тарафдоронаш аз фурсат истифода бурда, қисме аз дастаҳои ғозиёнро низ ба тарафи худ кашид, идораи кишварро ба даст гирифт ва соли 861 Сиистонро пурра тасарруф намуд. Сипас ҳокими Кобулро бо найранг ба ҳалокат расонида, байни солҳои 862—866 Ҳирот, Пушанг, Балх, Бомиён ва Форсро аз дасти маъмурони Тоҳириён берун кард. Соли 873 аз фориғболии Муҳаммад ибни Тоҳир — охирин амири тоҳирӣ истифода карда, дарбори ӯро ба сӯйи хеш ҷалб кард ва дар муҳорибаи сарнавиштсоз нерӯҳои онро торумор карда, Нишопурро ба даст даровард.
Яъқуб ибни Лайс(соли 879) чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Ӯ бар зидди хилофат ду маротиба лашкар кашидааст, вале шикаст мехурад. Сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки ҳангоми бемор будани Яъқуб ба назди ӯ халифаи Бағдод сафир равон мекунад ва хоҳиш мекунад, ки ҷангро бас кунад. Яъқуб дар ҷавоб ба сафир як корд ва пиёз медиҳад ва иброз медорад, ки бори дигар ман бо халифа ҷанг хоҳам кард, агар ғалаба кунам бо ин корд сари халифаро ҷудо мекунам ва агар шикаст хурам аз давлату давлатдори даст кашида бо ҳамин пиёз қаноат хоҳам кард. Ин гуфтаҳо аз бузургии Яъқуб ибни Лайс дарак медиҳад.
Яъқуб бародараш Амр ибни Лайсро ҷойнишини худ эълон карда, сипоҳиёнро даъват кард, ки аз ӯ итоат намоянд. Амр нахуст ба халифаи аббосӣ нома навишта, изњор дошт, ки нисбат ба Аббосиён вафодор аст. Халифа дар ҷавоб фармони ҳукумати Форс, Кирмон, Исфаҳон, Табаристон, Сиистон, Ироқи Аҷам ва Бағдодро ба номи ӯ содир кард. Амр ният дошт, ки Мовароуннаҳрро ҳам зери итоати худ оварад. Ягона ҳарифе, ки дар қисматҳои шарқии хилофат ҳанӯз аз Амр итоат намекард, Исмоили Сомонӣ буд.
Ба сари қудрат омадани Саффориён
вироишДар асрҳои IХ-Х ба монанди давраҳои гузашта вазифаи ҳокимияти давлатӣ, муҳофизат кардани сарзамини худ аз ҳуҷуми бодиянишиниҳо буд. Дар ин давра дастаҳои махсуси фидоиёни мусаллаҳ ташкил дода шуданд, ки онҳоро ғозӣ, яъне муборизони роҳи дин меномиданд. Ба сафи ғозиён асосан барзгарон ва пешоварони муфлис дохил мешуданд. Fозиён, ки ҷангро касб карда гирифта буданд, ба ҳамон ҷойҳое фиристода мешуданд, ки дар он ҷо задухӯрдҳо ба амал меомад. Fозиён асосан ба истеҳкомоте, ки дар ҳудуди байни воҳаҳои зироатӣ ва саҳрои бодиянишинон воқеъ гардида буд, хидмат мекарданд. Чи хеле ки олими ҷуғрофидони араб Мақдисӣ қайд мекунад, ғозиҳои «ҳам такягоҳ ва қам як воситаи нооромии» ҳукуматдории маҳаллӣ буданд, онҳо аз як тараф ба тасарруфи бодиянишинон зарба зада, аз тарафи дигар неҳзати халқии зидди аъёну ашрофи маҳаллӣ фаъолона иштирок мекарданд. Ин ҷунбиши халқиро бародарон Яъқуб ибни Лайс ва Амр ибни Лайс ба манфиати худ истифода бурданд. Онҳо дар аввал як дастаи роҳзанӣ ташкил карда, баъдтар ба яке аз дастаҳои ғозиён тавобеи Сиистон ҳамроҳ шуданд. Истеъдоди ҷанговарӣ ба Яъкуб имконият дод, ки дар андак фурсат роҳбарии шӯришро ба дасти худ бигирад. Ин фавҷ ба ҳаёти сиёсии вилоят фаъолона иштирок намуд ва аз шӯриши мардумони воҳаҳои зироатӣ истифода бурда, дар соли 861 ҳокими Тоҳириҳоро ронд ва маркази Сиистон шақри Заранҷро забт кард. Дар соли 867 Яъқуб ба Хуросон ҳаракат карда, дар муддати кӯтоҳтарин шаҳрҳои Бушанҷу Ҳирот -ро забт кард. Баъди ду соли ҳуҷум Кирмонро низ ба мамлакати худ тобеъ намуд. Дар соли 870- 71 Балху Кобулро забт намуд. Ӯ соли 873 ба Нишопур ҳамла оварда, давлати Тоҳириёнро нест намуд, ва ба ҷои он ҳукмронии сулолаи Саффориёнро ҷорӣ кард.
Суқути Саффориён
вироишБо дастури халифа ба Амр мактуб фиристода, сарзамини Мовароуннаҳрро, ки он вақт ҳокими он Исмоили Сомонӣ буд, ба ӯ месупорад. Ҳамин тариқ, солҳои 899—900 миёни Амр ва Исмоил ҷанг рух дод. Дар ин мубориза Исмоили Сомонӣ тавонист, ки рӯҳияи мардуми Мовароуннаҳрро бар муқобили Амр бархезонида, аз тамоми табақаҳои аҳолӣ дар мубориза бар алайҳи ӯ истифода намояд. Дар муҳорибаи ҳалкунанда, ки соли 900 рух дод, Амр асир гардид ва Исмоил ӯро ба Бағдод фиристод, ки ҳамон ҷо аз олам даргузашт. Дар хусуси ҷанги Амр бо Исмоил ду сарчашмаи муътамад, «Таърихи Бухоро» ва «Сиёсатнома» маълумот медиҳад. Аммо аҷоибиаш дар он аст, ки ин ду сарчашма баръакси ҳам маълумот дода шудааст. Дар «Таърихи Бухоро» халифа ба Амр мактуб мефиристад, дар "Сиёсатнома бошад, баръакс. Лекин дар ҳар ду сарчашма аз шикаст ва асир шудани Амр сухан меравад. Бо асир шудани Амр қудрати Саффориён ба анҷом расид.[1]
Хулоса
вироишХулоса, пайдоиш ва аз байн рафтани аввалин давлатқои миллӣ- Тоҳириён ва Саффориён дар Мовароуннаҳр ва Хуросон заминаҳои муайяни сиёсӣ ва идеявиро барои ташкилёбии давлати аввалини тоҷикон-Сомониён ба амал овард. Дар ин давра мавқеи сиёсии хонадони Сомонхудот дар ин сарзамин мустаҳкам мешавад, ки аз ҳукмронии чор бародарон дар чор вилоят сар шуда, то ба ташкилёбии аввалин давлати миллии тоҷикон-Сомониён оварда мерасонид.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011. — с. 99.