Авангард (кинематограф)

«Авангард» ҷараёни бадеист дар кинои фаронсавӣ. Охири Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба вуҷуд омада, асосан дар солҳои 20 асри 20 шакл гирифтааст. Санъаткорони «Авангард» дар аввали фаъолияти худ афкори пешқадам доштанд. Онҳо мекӯшиданд, ки кино аз ҳукми сармоя озод шуда, ба тамошогарони одӣ, хусусан коргарон хидмат намояд. Аз рӯи ақидаи назариячиёни «Авангард» ояндаи санъати киноро танҳо тамошогари одӣ муайян карда метавонад, аз ин рӯ воситаҳои тасвири кино бояд ғояҳои ҳаётро ифода намоянд. Филмҳои авангардистон бештар ба мазмунҳои каме­равӣ асос меёфтанд ва ин имкон медод, ки рӯҳияи қаҳрамонҳо амиқтар тасвир ёбад. Филмҳои Жан Энштейн «Дили бовафо» (1923) дар бораи ғо­либияти фидокорӣ бар бераҳмӣ ва Абел Ганс «Чарх» (1923) дар бораи меҳнати вазнини коргарони роҳи оҳан, ки зиндагӣ ва маишати бад доранд, намунаҳои беҳтарини эҷодиёти ин равия мебошанд. Охири солҳои 20 садаи XX режиссёрони «Авангард» зери таъсири ҷараёнҳои шаклпарастӣ, аз ҷумла сюреализм монданд. Аввалҳои солҳҳои 30 садаи XX «Авангард» аз байн рафт. Қисме аз авангардистон ба хидмати кинои тиҷоратӣ гузашта, қисми дигарашон санъати реалистиро пеша намуданд.

Сарчашма

вироиш

Нигаред

вироиш