Авзаҳ Мулло Абдуллоҳ
{{Orphan|date=Январ 2017
Авзаҳ Мулло Абдуллоҳ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Авзаҳ |
Таърихи таваллуд: | асри XVIII |
Зодгоҳ: | Янги Ҳисори Бухоро |
Таърихи даргузашт: | 1900 |
Маҳалли даргузашт: | Бухоро |
Навъи фаъолият: | шоир |
Жанр: | қасида, ғазал, рубоӣ. |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Авзаҳ Мулло Абдуллоҳ (соли таваллуд номаълум – вафот 1900, Бухоро), шоири тоҷик. Зодаи Янги Ҳисори Бухоро. Мувофиқи маълумоти тазкираҳои Афзал-махдуми Пирмастӣ, Мӯҳтарам, Возеҳ дар мадрасаҳои Бухоро таҳсили илм намудааст. Пас аз хатми таҳсил дар Бухоро мударрисӣ кардааст. Ба шеъргӯӣ дар овони таҳсил шурӯъ карда, ба гуфтаи Муҳтарам «мазҳари афкори матин ва маъдани ашъори дилнишин» будааст. Дар баёзҳову тазкираҳо аз эҷодиёти Авзаҳ Мулло Абдуллоҳ қасидаҳо, ғазалҳо, рубоиҳо ва абёти пароканда сабт гардидаанд. Девонаш дастрас нашудааст. Мавзӯи ашъори боқимондаи Авзаҳ Мулло Абдуллоҳ баёни андешаҳои иҷтимоиву сиёсӣ, танқиди нуқсонҳои замон, шикояту эътироз аз зулму ситами золимон, фақру бечорагӣ, хориву зиллати аҳли илму адаб ва ғ. мебошад. Забони ашъораш сода, фасеҳу равон аст.
Намунаҳо аз эҷодиёти Авзаҳ Мулло Абдуллоҳ:
Ё Раб, ту мутеи нокасу кас кардӣ,
Дар дидаи халқ камтар аз фас кардӣ.
Ҳаққо, ту Худои бандапарвар будӣ,
Моно, ки ту бандапарварӣ бас кардӣ!
Эй чарх, басе ситам ба ҷонам кардӣ,
Аз фоқаи фақр саргаронам кардӣ,
Афканда ба кунҷи узлат охир, к-имрӯз,
Мӯҳтоҷ ба як бурдаи нонам кардӣ.
Сарчашма
вироиш- Шоирони Мовароуннаҳр (аз Рӯдакӣ то Айнӣ), Д., 2006.
Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.