Авлиёпарастӣ — яке аз унсурҳои дини ислом, ки тақрибан дар асрҳои 8 – 9 пайдо шудааст. Дини ислом дар ибтидо ба муқобили ҳама гуна ширк буд, вале бо гузашти замон, дар натиҷаи инкишофи парастиши бузургони дин – пайғамбарон, халифаҳо (Абубакр, Умар, Усмон, Алӣ) ва авлоди онҳо, авлиёпарастӣ равнақ ёфта, яке аз аҳкоми дин гардид. Минбаъд авлиёпарастӣ аз сабаби дар дохили дини ислом пайдо шудани равияҳои гуногуни динӣ, сиёсию фалсафӣ ривоҷ мегирад. Авлиёпарастӣ одатҳои парастиши мазори авлиёҳо ва аз онҳо мадад ҷустанро ба вуҷуд овард. Авлиёпарастӣ дар байни аҳли ислом ҳамчун ашхоси соҳибкаромат эътироф шуда буданд. Қариб аксарияти адабиёти ба таълимоти тасаввуф ва намояндагони алоҳидаи он бахшидашуда, каромоти авлиёҳоро қоил шуда ба ҳар кадоми онҳо ин ё он навъи каромотро нисбат медоданд. Аз ҷумлаи онҳо: аз дарёҳо хушк гузаштан, бо ишорае мақсади ҳайвонҳои даранда ва хазандаҳоро фаҳмидан, забони онҳоро дониста бо онҳо гап задан, аз балоҳои заминию осмонӣ мардумро наҷот додан, воқеаҳои ояндаро пешгӯӣ кардан душманонро дар майдони ҷанг мағлуб намудан ва ғайра мебошанд. Аз сабаби зӯҳду тақвопарастӣ, ақидаҳои сулҳу мусолиматомез, мадорокорӣ ва ба мардум наздик будан авлиёҳо дар назди на танҳо оммаи васеи халқ, балки ба ҳокимону шоҳони давру замон хеле маҳбуб ва соҳибиззат буданд.

Адабиёт

вироиш
  • Мухаммедходжаев. А. Идеология нақшбандизма», Д., 1991; Муҳаммадхоҷаев А. «Нақшбандия ва Хоҷа Аҳрор», Д., 2007.

Сарчашма

вироиш