Ислом
Ислом ё дини ислом (арабӣ: الإسلام), дини мусулмонӣ — яке аз динҳои иброҳимии ҷаҳонӣ аст. Маънои калимаи «ислом» - «таслим шудан» «қабул доштан» (яъне қонунҳои Аллоҳро) мебошад. Дар забони арабӣ калимаи ислом — сифати феълист, ки аз феъли سلم гирифта шуда, маънояш эмин гирифтан, дар паноҳ гирифтан, озод шудан мебошад. Худои дини Исломро Аллоҳ меноманд ва маънояш ба забони арабӣ Худо аст. Китоби муқаддаси ин дин Қуръон аст. Мусулмонон суннат ва ҳадисҳои паёмбарро низ муқаддас медонанд. Ҳамчун дуи дигар дин — масеҳӣ ва яҳудӣ яке аз асосгузорони аввалини Ислом низ ҳазрати Иброҳим(а)-анд. Дар ҳар сеи ин динҳо Иброҳим(а) — яке аз паёмбарони аввалинанд. Имруз дини Ислом дини дуюми калони дунё ҳисоб мешавад ва шумораи пайравонаш зиёда аз 2 миллиард мебошанд. Дар 130 мамлакатҳои ҷаҳон паҳн шудааст, ки 28-тои онҳо дини Исломро ба дини давлатӣ табдил додаанд.
بسم الله الرحمن الرحيم Ислом (арабӣ الإسلام – Ислом ба худованд итоат кардан), яке аз динҳои якхудои дар рӯи ҷаҳон буда, дар асри VII мелодӣ дар Ҳиҷоз (дар ғарби нимҷазираи Арабистон) пайдо шудааст. Ислом Муҳаммад (с)-ро охирин фиристодаи Худо (Аллоҳ) меҳисобад. Одамони пайрави ин дин мусулмон ном доранд (аз калимаи арабӣ: مسلمون, муслим, «мутеъ»). Онҳо фақат ба Худои ягона бовар мекунанд.
Китобҳои муқаддас
вироишКитоби асосии дини мубини Ислом Қуръон мебошад, вале китобҳои дигар пайғамбаронро низ эътироф мекунад, ки ин китобҳои Тавроти Мӯсо (алайҳисалом), Забури Довуд (алайҳисалом) ва Инҷили Исо (алайҳисалом) мебошанд. Барои он ки пайравони дини яҳудӣ ва масеҳӣ аҳли китоб мебошанд.
Боз нигаред Навиштаҷоти муқаддаси ислом
Аркони Ислом
вироишМувофиқи гуфтаи Муҳаммад (саллалоҳи алайҳи ва саллам) панҷ чиз аркони Ислом мебошад:
- Шаҳодат (ар. الشهادة; талаффуз ); — шаҳодати имон овардан ба Ягонагии Худо (Аллоҳ) ва расули Ӯ Муҳаммад салаллоҳ : Нест Худое, ба ҷуз Аллоҳ (Ло иллоҳа илла Ллоҳу) ва Муҳаммад расули ӯст (ва Мухаммадан расул ул-Ллоҳ);
- Салоҳ (ар. صلاة, салоҳ [sˤa.laːh]; форсӣ: نماز; — дуо, ибодат) — (Намоз);
- Сиём ё Савм (ар. الصوم); (форсӣ: روزه در اسلام یا صیام ); — рӯзаи моҳи шарифи Рамазон;
- Закот (ар. زكاة/زكوة/زكات — покӣ; нумӯ, афзоиш; баракат; хулоса ва баргузидаи чизе) — хайру саховат ба камбағалону барҷомондагон;
- Ҳаҷ (ар. حَجّ) ва тавофӣ (ар. طواف) — зиёрати Макка (Масҷидулҳаром) ва гирду атрофи он (кӯҳи Арафот, водиҳои Муздалифа ва Мино) дар вақти муайян.
Имон, ё ин ки боварӣ:
- Боварӣ ба якаву ягонагии Аллоҳ;
- Боварӣ ба Фариштаҳо;
- Боварӣ ба китоби муқаддаси Қуръон;
- Боварӣ ба Расулон ва Фиристодагон;
- Боварӣ ба Рӯзи қиёмат;
- Боварӣ ба азалии будани тақдир).
Шариат
вироишНизоми танзимкунандаи руҳиву ахлоқии Ислом шариат мебошад, ки он дар асоси Қуръон, Суннат (маҷмӯи Ҳадисҳои аз тарафи умум пазируфта шуда ва (Иджма) тартиб дода шудааст. Ба сифати ёридиҳанда Қиёс ва итиод (ақидаи шахсии мусулмони бомаърифат) мебошанд. Дар шариат рафтору кирдори одамон ба се қисм тақсим мешаванд: Ҳаром (он чизе,ки маън карда шудааст), Ҳалол (иҷозатдодашуда) ва фард (ҳатмӣ).
Равияҳои гуногуни ислом
вироишДини Ислом дорои 73 равияҳо мебошад:
Кишварҳое, ки дар он ҷо дини ислом расм шудааст
вироишТанҳо 18 % мусулмонҳо дар мамлакатҳои араб зиндагӣ мекунанд. Қариб ки ними мусулмонон дар Африқои Шимолӣ зиндагӣ мекунанд, қариб 30 % дар Покистон ва Банглодеш мебошанд, боз миқдори зиёди мусулмонҳо дар Индонезия зиндагонӣ мекунанд. Ба ғайр аз ин миқдори намоёни мусулмонҳо дар ИМА, Хитой, Аврупо, Русия, Ҳиндустон ва Амрикои Ҷанубӣ ҳастанд.
Таърих
вироишДини Ислом дар нимҷазираи Арабистон дар иқлими Ҳиҷоз (асри VII) ба вуҷуд омадааст. Дар таърих замони пеш аз пайдоиши исломро давраи ҷоҳилият меноманд ва дар ин давра Макка ва Мадина шаҳрҳои калонтарин ва марказҳои шаҳрӣ ва фарҳангии Ҳиҷоз буданд.
Боз нигаред
вироишҶомеаи мусулмонон имрӯз
вироишАдабиёт
вироиш- Қуръон
- Болшаков О.Г. История Халифата. 1. Ислам в Аравии (570-633). 2-е изд. М.: Восточная литература, 2000.
- Токарев С. А. Религия в истории народов мира. М.: Политиздат, 1965.
- Коротаев А.В., Клименко В.В., Прусаков Д.Б. Возникновение ислама: Социально-экологический и политико-антропологический контекст Бойгонӣ шудааст 25 Декабри 2007 сол.. М.: ОГИ, 2007.
- Muraqaba: Искусство и Наука Размышления Суфия (английский язык), Khwaja Shamsuddin Azeemi, Платон, 2005(ISBN 0-9758875-4-8)
Адабиёт
вироиш- [1] Коран и науки.
- Коран. Ру Бойгонӣ шудааст 18 июли 2007 сол. Ислам и Коран в России.
- Ассаламу алейкум! Книги, статьи, аудио, магазин.
- Муслим. Ру Сайт совета муфтиев России.
- Abutolm.Wuts(пайванди дастнорас) Сайт «Ислам есть».
- amsulia.Net(пайванди дастнорас) Сайт «Ислам для нас!».
- Исламские(пайванди дастнорас) Информационный сайт
- Новости(пайванди дастнорас)
- Статья о "либеральных" и "консервативных" течениях в исламе
- перевод Корана на разные языки