Аврора (Aurora), дар − асотири Руми Бостон олиҳаи шафақи субҳ, ки ба худоҳову одамон нур ва равшании субҳи сафоро меоварад. Дар асотири Юнони Қадим ба олиҳа Эос муродиф аст. Дар шакли ҷавонзани болдор тасвир шудааст, ки савори аробаи дучархаи аспонаш дурахшон аз уқёнус мебарояд. Дар тавсифоти манзум аврора муродифи шафақи субҳ (сапедадам) аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш