Авсат — вазни оҳанг дар «Дувоздаҳ­мақом». Гӯшаҳои мусиқии «Ҳиҷози Бузург» ва «Найрези Кабир», шуъбаи «Нуҳуфт»-и мақоми «Бузург» бо ин вазн иҷро мешаванд. Ин силсилаи оҳангҳо ба овозаи «Шаҳноз» дохиланд. Мувофиқи нишондоди рисолаи мусиқии «Баҳҷат-ур-рӯҳ» авсат вазни 7-зарбӣ буда, аз 5 зарби сангин (яъне «бам») ва 2 зарби сабук (зер) иборат аст. Атонинаш: тан тано дар тан тан.

Сарчашма

вироиш