Авҳадуддини Кирмонӣ

Авҳадуддин Ҳомид ибни Абилфахри Кирмонӣ (форсӣ: اوحدالدین حامد بن ابی الفخر‎; ? — 1236, Кирмон) — шоир ва мутасаввифи форс-тоҷик.

Авҳадуддини Кирмонӣ
Номи пурра Авҳадуддин Ҳомид ибни Абилфахри Кирмонӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1298
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар зодгоҳаш улуми маъмули замонро омӯхт ва дар синни камолот бо мақсади такмили дониш ва вохӯрӣ бо уламо ба сафар баромад. Дар Бағдод ва Димишқ шогирдон ва мӯътақидони зиёд, аз ҷумла Фахруддини Ироқӣ, Авҳадии Мароғаӣ ва дигаронро пайдо кард. Бо орифони машҳур Ибни Арабӣ ва Шамси Табрезӣ ҳамсуҳбат шуд. Авҳадуддини Кирмонӣ яке аз устодони шеъри ирфонии форс-тоҷик ба шумор меравад. Рубоиҳои бисёри тасаввуфӣ ва маснавие дорад бо номи «Мисбоҳ-ул-арвоҳ» (1180 байт). Рубоиҳои Авҳадуддини Кирмонӣ аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ба нигоштаҳои Умари Хайём наздиканд; аз ин ҷост, ки баъзан онҳоро рубоиёти Хайём пиндоштаанд.

Ин рубоӣ аз Авҳадуддини Кирмонӣ аст:

Дар мадрасаҳо ҷавоби гуфторам нест,
Дар буткадаҳо салибу зуннорам нест.
Сар то сари офоқ ба ҳеҷам нахаранд,
Ё Раб, чӣ матоам, ки харидорам нест

Адабиёт

вироиш
  • Ризоқулихони Ҳидоят, Риёз-ул-орифин, Т., 1316 ҳ. ш.;
  • Саид Нафисӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, Т., 1344 ҳ. ш.