Шамси Табрезӣ
Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ машҳур ба Шамси Табрезӣ, (форсӣ: شمس تبریزی; тақ. 1185, Табрез — 1248, Хуй) — ориф, сӯфӣ, мутакаллим ва донишманди форс-тоҷик, пири рӯҳонии Ҷалолуддини Балхӣ.
Шамси Табрезӣ | |
---|---|
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | шоир, файласуф, нависанда |
Таърихи таваллуд: | 1185 |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1248 |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Зиндагинома
вироишШамси Табрезӣ аз ҷавонӣ ба тасаввуф майл намуда, ҳини сайру сафар бо бузургону пешвоёни маънавии шаҳру кишварҳои атрофи Эрон вохӯрду бо таълимоташон ошно шуд. Шамси Табрезӣ гоҳо аз чорчӯби қоидаву завобит по фаро мениҳод ва расми масҷиду хонақоҳро мешикаст.
Шамси Табрезӣ ва Ҷалолуддини Балхӣ
вироишШамси Табрезӣ бо Ҷалолуддини Балхӣ дидор карда, ба ҷаҳонбинии ӯ таъсири шигирф расонид. Соли 642, ки Шамси Табрезӣ ба Қуния омад ва ошноӣ бо ӯ сарнавишти ин муфтиву мударриси ҷавони Қунияро, ки худ шогирдону муридони бисёр дошт, дигаргун кард. Ин дарвеши шӯридаи бесару сомон, ки ба сабаби чаҳонгардиҳои хеш Шамси паранда хонда мешуд, дар ин айём бо кулоҳи сиёҳу ҷомаи жандаи қаландаронаи хеш ба Қуния даромада буд ва дар хони шакарфурӯшон хона гирифта буд. Достони бархӯрди ӯ бо Ҷалолуддини Балхӣ, ки зоҳиран як бор низ вайро дар Димишқ дида буд, дар китобҳо бо каромоти шигифти боварнакарданӣ омехта аст. Ин қадар ҳаст, ки вай таваҷҷӯҳи Мавлоноро аз истиғроқ дар баҳсу дарс ба истимрор дар завқу кашф кашонид ва беҳосилии илмеро, ки аз қилу қоли мадраса ҳосил мешуд, бар вай намоён кард. Суҳбати Шамс, ки мақолоти ӯ ҳокӣ аз жарфбиниҳову нуктасанҷиҳои ӯст, Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро чунон маҷзуб кард, ки кори дӯстии вай бо Шамс ба навъе шефтагӣ мунҷар гашт ва Мавлавиро, ки марди баҳсу дарсу ваъз буд, дар чиҳилсолагӣ муаллими ишқи вай шоирӣ омӯхт. Ин нуктаву тағайюре, ки дар аҳволи муфтиву мударриси маҳбуби Қуния падид омад, шогирдону муридони вайро бо Шамс душман кард.[1]
Кӯтаҳбинон Шамсро соҳиру ҷодугар мехонданд. Соли 1246 Шамси Табрезӣ ба оҳанги ранҷиш Қунияро муддате тарк кард. Пас аз чанде боз омад. Вале соли 1248 аз Қуния абадан ғайб зад ё ба ривояте ба кушта шуд. Суханони дар маҷолису мавоқеи мухталиф фармуда ӯро муридон гирдоварӣ кардаанд, ки ба номи «Мақолоти Шамс» маъруф аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Рӯзгороне саршор аз ҳаводис/Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ. 28 Декабри 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
Адабиёт
вироиш- Шамси Табрезӣ // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).