Авҷ (чашма)
Авҷ — чашмаи гарми минералӣ, 20 км ҷанубтари маркази ноҳияи Ишкошим, дар соҳили дарёи Панҷ, дар баландии 2410 м аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ 5 л/с, минералнокиаш 1, 2 г/л, ҳарор. обаш + 35 °C. Оби Авҷ дар таркибаш гидрокарбонати сулфат, магний ва калсий дорад. Хусусияти шифобахшии оби Авчинтеппаро соли 1930 олимони рус М. Прокопенко ва Н. Котова муайян намудаанд. Таркиби химиявии оби авҷ ба оби нарзани сулфатдори Кисловодск (Россия) монанд аст. Онро барои табобати бемориҳои силсилаи дилу раг, фишорбаландӣ (дар марҳалаи аввал), нуқсҳои аъзои ҳозима, аз ҷумла ҳама намудҳои илтиҳоби доимии меъда, захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, вайроншавии мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти узви таносул, шуш ва роҳҳои нафаскашӣ, зиқи нафас, газаки доимии пардаи гулӯ, касалиҳои гуногуни чашм, асаб ва ғайра истифода мебаранд. Шифохонаи авҷ аз як бинои истиқоматии дорои 60 кат, ду меҳмонхона бо 15 кати хоб ва ҳаммом (барои мардон ва занҳо) иборат аст. Хоҳишмандон аз саросари ҷумҳурӣ ва берун аз он дар шифохона табобат мегиранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.