Ага́ва (лот. Agáve) — як ҷинси рустанӣ. Пояаш кӯтоҳ, баргаш ғафси хордор. Баъди 6 – 15 сол гул мекунад. Гулпояаш дароз (то 12 м), сергул (то 17 ҳазор гул дорад). Пас аз расидани ҳосил қисми рӯизаминии агава мемирад (дар баъзе намудҳо аз реша рустании нав месабзад). Дар Мексика зиёда аз 300 намуди агаваи худрӯй дучор меояд. Ба Европа агава баъди кашфи Америка оварда шудааст. Хусусан агаваи америкоӣ маъмул аст. Онро барои ороиши кӯчаю хиёбонҳо мепарваранд. Аз барги агава ресмонҳои гуногун, аз партовҳояш коғаз истеҳсол мекунанд. Нӯшокиҳои спиртии пуаке, текила, маскал аз афшураи агаваи сиёҳтоб тайёр карда мешаванд. Аз решаи баъзе намудҳои агава доруҳои гормонӣ истеҳсол менамоянд.