Агаханянс Окмир Егишевич
Окмир Агаханянс Егишевич (таваллуд 5. 1. 1927 Ленинград – 28. 10. 2002,Минск Ҷумҳурии Беларусия Санкт-Петербург), географ, доктори илмҳои география (1968), яке аз геоботаник-ҳои барҷастаи олам, узви вобастаи Ҷамъияти байналхалқии географҳо, профессор (1969), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1990).
Окмир Агаханянс Егишевич | |
Таърихи таваллуд | 5. 1. 1927 |
Зодгоҳ | Ленинград |
Таърихи даргузашт | 28. 10. 2002 |
Маҳалли даргузашт | Минск Ҷумҳурии Беларусия |
Солҳои фаъолият
вироишСолҳои (1951 – 1954) котиби илмии шуъбаи фанҳои табиатшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (1954 – 1968) муаллими Институти давлатии педагогии Душанбе, УДТ ва мудири сектори геоботаникаи Пойгоҳи биологии Помир буд. Соли 1968 аз ҷумҳурӣ кӯч бастааст. Солҳои 1968 – 1971 мудири кафедраи ботаникаи Донишгоҳи давлатии Калининград ва аз соли 1971 профессор кафедраи географияи табиӣ ва мудири кафедраи геоботаникаи Институти педагогии Минск буд. Роҳбари як қатор экспедитсияҳои геоботаникии Помиру Дарвоз. Муаллифи беш аз 120 асари илмист. Асарҳои ӯ асосан ба масъалаҳои географияи набототи Тоҷикистон, хусусан Бадахшон (қисми зиёди умри хешро он ҷо гузарондааст), бахшида шудаанд. Муаллифи ғояи ҷойивазкунии ҷамоаи наботот зери таъсири баландшавии кӯҳҳо мебошад. Ғайр аз асарҳои илмӣ, инчунин маҷмӯаи қиссаҳои саргузаштӣ навишта, хотироти худро дар бораи Помир инъикос кардааст.
Осор
вироишБиблиография Памира. Природа, Д., 1972; За растениями по горам Средней Азии, М., 1972; На Памире. Записки геоботаника, М., 1975; Растительность Западного Памира и опыт её реконструкции, Д., 1978; Аридные горы СССР, М., 1981; Один Памирский год, записки геоботаника, М., 1987; Сарез (Озеро на Памире), Л., 1989.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.