Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — мақомоти вижа ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди фасод дар Тоҷикистон.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттилооти куллӣ
пешинаи Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарӣ
Масъули иҷроия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири масъул Сулаймон Султонзода
Вебгоҳ anticorruption.tj

Таъсис

вироиш

Аентӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи 2007 №143[1] бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, аз байн бурдани такроркунии вазифаву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назорати тафтишотӣ дар заминаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи полиси андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сохторҳои мубориза бар зидди коррупсия ва ҳуқуқвайронкуниҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионии дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ таъсис дода шуд[2].

Роҳбарон

вироиш

Роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз соли 2007 то соли 2009 Шерхон Салимзода, аз соли 2009 то соли 2015 Абдуфаттоҳи Ғоиб, аз соли 2015 то соли 2017 Рустами Эмомалӣ ва аз соли 2017 то ин ҷониб Сулаймон Султонзода ба уҳда дорад[3].