Сулаймон Султонзода
(Тағйири масир аз Султонзода Сулаймон Саид)
Султонзода Сулаймон Саид (31 январи 1976, ҶШС Тоҷикистон) — давлатмарди тоҷик, генерал-лейтенанти адлия.
аз 23 январи соли 2017 | |
Пешгузашта | Рустами Эмомалӣ |
Таваллуд | 31 январ 1976 (48 сол) |
Рутба | генерал-лейтенант |
Зиндагинома
вироишСулаймон Султонзода 31 январи соли 1976 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1998 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст[1].
Корнома
вироиш- 1998—1999 — муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе;
- 1999—2004 — муфаттиш, муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб;
- 2004—2007 — муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Қурғонтеппа;
- 2007—2008 — муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2008—2009 — муовини прокурори ҳарбии гарнизони Кӯлоб;
- 2009—2010 — муовини аввали прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;
- 2010—2014 — прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;
- 2014—2015 — прокурори ҳарбии гарнизони Суғд;
- 2015—2017 — сардори Раёсати кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 23 январи соли 2017 — Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.anticorruption.tj. Сомонаи расмии Агентӣ. 10 Январ 2024 санҷида шуд.