Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ (зод. 19 декабри соли 1987, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — ходими давлатӣ, генерал-майори хадамоти гумрук (2014). Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2020[2], раиси шаҳри Душанбе аз соли 2017[1]. Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015—2017)[3], президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, яке аз муассисон ва молики дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе.
аз 17 апрели 2020 | |
Пешгузашта | Маҳмадсаид Убайдуллоев |
аз 4 апрели 2017 (и. в. аз 12 январ то 4 апрели 2017)[1] |
|
Пешгузашта | Маҳмадсаид Убайдуллоев |
соли 2015 — 12 январи 2017 | |
Пешгузашта | Фаттоҳ Саидов |
Ҷонишин | Сулаймон Султонзода |
соли 2013 — соли 2015 | |
Ҷонишин | Фаттоҳ Саидов |
Муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
|
соли 2012 — соли 2013 | |
Таваллуд |
19 декабр 1987 (36 сол) |
Дудмон | мард |
Ном ҳангоми таваллуд | Рустам Эмомалиевич Раҳмонов |
Падар | Эмомалӣ Раҳмон |
Модар | Азизмоҳ Раҳмонова |
Ҳизб | |
Таҳсилот |
Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (2008) Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русия (2011) |
Эътиқод | ислом, ҳанафӣ |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст[4].
Фаъолияти корӣ
Фаъолияти кориашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009—2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2011—2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Солҳои 2012—2013 ҳамчун муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва аз ноябри cоли 2013 то марти соли 2015 дар вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон[5] кор кардааст.
Аз моҳи марти соли 2015 то январи соли 2017 дар вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа дошт[3].
Аз 12 январи соли 2017 бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз вазифаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия озод ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид[1].
Аз 17 апрели соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаст[2].
Фаъолияти ҷамъиятӣ
Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2009 узви Кумитаи муносибатҳои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудааст.
Аз апрели соли 2019 Рустами Эмомалӣ Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст[6].
Ҷоизаву медалҳо
Эзоҳ
- ↑ 1.0 1.1 1.2 Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе // PRESIDENT.TJ — 12 январи 2017, 16:01, шаҳри Душанбе.
- ↑ 2.0 2.1 Иштирок дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. president.tj. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (17 апрели 2020). 22 апрели 2020 санҷида шуд.
- ↑ 3.0 3.1 ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Рустами Эмомалӣ
- ↑ Тарҷумаи ҳоли Раиси шаҳри Душанбе. dushanbe.tj. Сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе. 15 сентябри 2023 санҷида шуд.
- ↑ ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 30 ноябри cоли 2013 № 540 ш. Душанбе Дар бораи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Рустами Эмомалӣ
- ↑ Sputnik. Рустам Эмомали избран президентом Центрально-Азиатской футбольной ассоциации(рус.). Sputnik Таджикистан. 4 сентябри 2019 санҷида шуд.
- ↑ Маросими супоридани ҷоизаҳои давлатӣ(тоҷ.). www.president.tj. Сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон. 30 августи 2018 санҷида шуд.
Пайвандҳо
- Президенти Тоҷикистон. Суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум. prezident.tj. Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (17 апрели 2020). 15 сентябри 2023 санҷида шуд.