Адабиёти даҳанакӣ
«Адабиёти даҳанакӣ» — аввалин маҷмӯаест, ки дар он намунаҳои эҷодиёти даҳанакии мардуми тоҷик фароҳам омадаанд. Мураттиби он Обид Исматӣ мебошад. Соли 1934 ба ҳуруфоти лотинӣ чоп шудааст.
Муҳтаво
вироишПешгуфтори маҷмӯа «Фолклор чист ва барои чӣ онро мо меомӯзем?» ном дошта, дар он роҷеъ ба моҳияти омӯзиш ва пажӯҳиши фолклори тоҷик сухан рафтааст. Бахши аввали китоб «Адабиёт» ном дорад, ки дар он асосан шеърҳои шоирони халқии Бадахшон, аз ҷумла сурудаҳои шоирон Шофутур, Муҳаммад Сайидзодаи Мағмуми Дарвозӣ, Авлиё Ҳусайни Мағмуми Дарвозӣ сабт шудаанд. Мавзӯи ашъори дар «Адабиёти даҳанакӣ» ҷойгирифта мутобиқи талаботи ҳамон давра – васфи Инқилоби Октябр, ифодаи хушиву хурсандӣ аз ташкили мактабҳо, муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ, ба озодӣ ва баробарҳуқуқӣ расидани занҳо ва ғайра мебошад. Инчунин дар ин бахши китоб шеъру ғазалҳои ошиқона, сурудҳои маросимӣ ва ғайра ҷой гирифтаанд. Дар бахши дуюми «Адабиёти даҳанакӣ» «Чистонҳо»-и манзуму мансури гуногунмавзӯъ фароҳам омадаанд. Ҳафт чистони сурудаи Абулқосими Лоҳутӣ дар ин бахш ҷой гирифтаанд. Дар бахши сеюми «Адабиёти даҳанакӣ» мураттиб зарбулмасалҳоро ҷой додааст. «Адабиёти даҳанакӣ» чун нахустин маҷмӯаи эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик, ки омӯзишаш охири солҳои 20 – ибтидои солҳои 30 садаи XX оғоз ёфтааст, аҳамияти арзанда дорад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Адабиёти даҳанакӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.