Адва́йта-веда́нта (санскр. अद्वैत वेदान्त — номусанно) — ҷараёни динию фалсафии Ҳинди Бостон, як намуди веданта, ки монизми босуботро қоил аст.

Машҳуртарин намояндааш Шанкара (охири садаи VIII — аввали садаи IX) буд. Бараҳман, Худо дар адвайта воқеияти яккаву ягона (сатя) аст: субъект ва объект, «Ман» ва олам, нафси фардию нафси фалакӣ ба ҳам махлутанд. Касрат тахайюлӣ дониста шуда, ба авидя (бедонишӣ), қувваи сеҳрангези маия (ки дар бараҳман таҷассум ёфтааст) ва тағйироти гуногуни ҷавҳар (виварта) вобаста аст. Мавҷудияти идроки тахаюллӣ ва мақоми баланди онро дар таҷриба қайд намуда, адвайта назарияи томи хатоҳоро дар дарки олами берунӣ инкишоф дод, ки он ба таълимоти мактаби миманса дар бораи ҳақиқати ҳама гуна маърифат, набудани хато дар идрок ва бар зидди таъбири реалистии хато дар ҷараёни маърифат (дар мактаби няя — вайшешика) равона шудааст. Таълимоти асосии адвайта ҳам ба дуализми (двайта) ҷараёнҳои веданта, ки аз воқеияти мустақили ду мабдаъ — «Ман» ва Худо (таълимоти Мадхва) бармеояд ва ҳам ба монизми маҳдуди вишишта-адвайта (Рамануҷа) мухолиф аст. Мавқеи нисбатан равшани монистии адвайта дар мубоҳисаи он бо буддоия зоҳир гардид. Як қатор ҷараёнҳои он ба ғояҳои адвайта (Нагарҷуна) рӯ оварданд.

Сарчашма

вироиш