Адвор — (арабӣ ҷамъи давр), дар илми мусиқишиносии форс-тоҷик ҳарфу ишораҳои махсус ва доираҳои вазнию лаҳниро гӯянд. Мусиқидонони гузашта илми мусиқиро ба қисматҳои назариявию амалӣ ҷудо кардаанд. Қисми амалии мусиқиро, ки бо ишораҳои махсус (ҳарфҳо, доираҳо, рақамҳо) ифода ёфтаанд, адвор номидаанд. Ба ибораи дигар иҷрои оҳанг ё сурудро аз ҷиҳати зарбу усул бо доираҳои ченакӣ (нақраҳо) ва фосилаҳо (бӯъд)-ро бо ҳарфу рақамҳо ишора менамуданд, ки он аҳамияти илмӣ дошт. Бинобар ин адвор дар илми мусиқӣ бо ду шакл ҷараён ёфтааст: а) ишораи махсуси зарб ва усулҳои дойра (даф) ба воситаи ҳарфҳою давраҳо, ки ченак ва андозаи рукнҳои зарбиро ифода мекарду онро иқоъ (ҳамоҳангӣ) меномиданд; б) ба воситаи ҳарфҳою рақамҳо ишора шудани фосилаҳои лаҳнӣ (нағмаҳо), ки онро бӯъдҳо мегуфтанд. Аз ин рӯ, мусиқии амалии ниёгонамон аз адвори иқоъ ва адвори бӯъд таркиб ёфтааст. Адвори иқоъ доира ва ченакҳои вазнро ба воситаи зарби мусиқӣ дар бар гирифта, бо нақраҳо (ар. зарб воҳиди вазн) ифода меёбад. Нақраҳо бо калимаҳои шартии «тан» ишора мешаванд, ки аз ду ҳарфи ҳамсадо «т» ва «н» иборатанд. Дар аввал аз маҷмӯи нақраҳо ченаки рукнҳо ва сипас аз рукунҳо доираи вазни хати оҳангӣҳосил мешаванд. Рукнҳо ба тарзи тан тана танан тананан танананан ва ғайра тартиб меёбанд (нигар Иқоъ). Дар доира навъҳои гуногуни рукнҳо ҷой дода мешаванд, ки онҳо шаклҳои вазнро ба вуҷуд меоваранд. Масалан, вазни «Рамал»-ро мегирем: тан тано тано тан тано тано тано тан. Зарби дойра дар хати оҳангӣ чунин ба назар мерасад ва шакли адворро ташкил медиҳад. Масалан, бум ба-ка ба-ка бум ба-ка ба-ка ба-ка бум. Ҳамин хусусияти вазнӣ дар арӯз низ ба шакли дарозию кӯтоҳии ҳиҷоҳо таҷассум меёбад. Бинобар ин ҳар шеъри арӯзӣ дорои вазни махсуси худ буда, ба заработи оҳангӣ мувофиқат мекунад. Дар «Баҳҷат-ур-рӯҳ», ки ҷадвали «Дувоздаҳмақом» дар он нишон дода шудааст, 24 номгӯи авзон қайд гардидаанд. Ғайр аз ин боз 13 зарби дигар, ки барои нақорачиён тасниф ёфтаанд, номбар мешаванд. Дар маъхазҳои мусиқии асрҳои 15 – 17, аз ҷумла дар рисолаҳои мусиқии Ҷомӣ ва Дарвешалии Чангӣ 17 вазни (зарби) асосии он замон хотирнишон шудаанд. Адвори абъод (яъне бӯъдҳо) дар навбати худ бевосита ба бӯъдҳо – фосилаҳо (яъне пардаҳо – лаҳнҳо) сару кор дорад. Масалан, Ҷомӣ дар рисолаи мусиқиаш овардааст: «Мавриде овоз аз ҳудуди воҳид бигзарад, онро бӯъд номанд, вақте ки бӯъд (фосила) ҳудуди воҳидро бигзарад, онро абъоди пайиҳам, яъне ҷинс номанд. Ҳангоме ҷинс аз воҳид бигзашт, онро ҷамъ номанд. Мавриде ҷамъ овозҳои бисёреро дар худ бигирад, яке ба дигаре муттаҳид бишаванд ва тартиби онҳоро нисбат ба тӯли вақт (замон) ва заработ (давр) ба вуҷуд биоваранд ва онро оҳанг, яъне лаҳн биноманд». Адвори абъод таркиби як бӯъдро (нигар Бӯъд) муайян намуда, ба воситаи ҳарфҳо доираи пардаҳои (овозии) оҳангро ифода мекунад. Инчунин ҷойгиршавии ҷамъҳо қатори овозҳо ва мақомҳоро дар доираҳо таҷассум менамояд. Дар гузашта зинаҳои қаторовоза (пардаҳо)-ро бо ҳарфҳо ишора мекарданд, ки он бештар ба сози уд мувофиқ меомад (нигар Парда). Тартиби ҳарфҳо аз рӯйи ҳисоби абҷад қарор мегирифт: до ре ми фа. А Б Ҷ Д Ҳ В З Ҳ Т Й сол я си до ё яб яҷ яд яҳ яв яз яҳ Масалан, мақоми «Ушшоқ» дар силсилаи «Дувоздаҳмақом» аз пардаҳои зерин ҳосил мешавад ва сентҳояш чунин аст: А – Д – З – Ҳе – яд – яҳ – яҳ 0 – 202 – 408 – 498 – 702 – 906 – 966 – 1200. Миқдори доираи қаторовозаҳоро муаллифони рисолаҳои мусиқӣ гуногун баён намудаанд. Абдумӯъмини Урмавӣ, Ҷомӣ ­– 84 навъ, Маҳмуди Шерозӣ – 68 навъ ва Зайнулобиддини Ҳусайнӣ – 91 навъи онҳоро ба қалам додаанд. Доираи ҷамъҳои машҳур дар таркиби «Дувоздаҳмақом» ва адвори мусиқӣ ҳамчун пардаҳои асосии оҳангҳо ҳисоб шудаанд. Масалан, онҳо «Доираи Ушшоқ», «Доираи Рост», «Доираи Наво», «Доираи Ҳусайнӣ» ва ғайра ном доштаанд. Ҳангоми бо ҳарфҳо ифода намудани пардаҳо мусиқидонон номи торҳоро низ қайд намуда, дар паҳлуи ин ҳарфҳо рақам гузоштаанд, ки миқдори захма заданро ифода мекард. Ин як услуби нотанависии гузашта буд. Аз ин рӯ мусиқидонони гузашта адворро ҳамчун илми махсуси мусиқӣ шинохта, онро илми адвор, илми иқоъу абъод низ меномиданд. Дар тақтеи рукнҳои илми арӯз низ адвор кумаки бисёр мерасонад. Нигар низ. Доираҳои арӯз.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Семёнов А. А., Среднеазиайский трактат по музыке Дервиш Али (XVII в.), Ташкент, 1946;
  • Ҷомӣ, Рисолаи мусиқӣ. Осор, ҷ. 8, Д., 1989;
  • Фарук Ҳасан Аммар, Ладовые принципы арабской народной музыки, М., 1985;
  • Абдулмумини Сафиуддин, Баҳҷат-ур-рӯҳ, Ташкент, 1346 ш.

Сарчашма вироиш