Аденовирусҳо (лот. Adenoviridae, аз юнонӣ aden – ғадуд ва вирусҳо) — як гурӯҳи вирусҳо, ки ангезандаи бемориҳои гуногун (назлаи шадиди роҳҳои нафас, конъюнктивит, илтиҳоби шуш, илтиҳоби рӯдаҳо ва ғайра) мебошанд. Аденовирусҳо аз ҳуҷайраи аденоидҳо ва бодомакҳои одам, ки он ҷо дар ҳолати нофаъол қарор доранд, ҷудо карда шудаанд. Аденовирусҳои маймунҳо, гов, муш ва парандаҳо низ маълуманд. Аденовирусҳо аз ҷилди сафедавӣ ва ДНК, ки дар маркази вирион воқеанд, таркиб ёфтаанд. Аденовирусҳо липид надоранд. Андозаи Аденовирусҳо 70 – 90 ммк аст.
Аденовирусҳо |
---|
Микрофотографияи аденовирусҳо дар МЭУ |
|
Adenoviridae |
I: дцДНК-вирусы |
|