Аденоматози шуш (юнонӣ aden – ғадуд ва oma – варам) — як навъ касалии ҳайвонот, ки дар мавриди он бофтаҳои шуш варам мекунанд. Бештар гӯсфанд, гов, асп, саг, муш ва гулмоҳӣ ба аденоматози шуш дучор мешаванд. Аденоматози шуш дар тамоми мамолики дунё ба қайд гирифта шудааст. То ҳол сабабҳои пайдоиш, пешгирӣ ва ба одам сироят кардани он пурра таҳқиқ нагаштаанд. Хоса аденоматози шуши гӯсфанд бисёр вомехӯрад. Онро бори нахуст соли 1888 Фадян ном олими муқаррар кардааст. Ангезандаи он вируси омософар аст. Дар мавриди касалӣ шуши ҳайвон дучори тағйирот гашта, дамкӯтаҳӣ ва сулфа пайдо мешавад. Дар аденомаҳои бофтаҳои шуш ҳосилаҳои ситоплазмавӣ, ки бо парда фаро гирифта шудаанд, ба вуҷуд меоянд. Дар атрофи ҳосилаҳои ситоплазмавии ҳуҷайра моеъ ғун шуда, ядроро ба канор тела медиҳад. Аденоматози шушро бо роҳи озмоиши макро ва микроскопӣ ташхис мекунанд. Ҳодисаҳои аз ҳайвонот сироят ёфтани одамон мушоҳида нашудаанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш