Адибаи Хуҷандӣ
Адибаи Хуҷандӣ (Мирзоева Адиба Қаландаровна[1]; тав. 5 июли 1971, маҳаллаи Тути Калон, Хуҷанд, вилояти Ленинобод) — шоири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1998).
Адиба Мирзоева | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Мирзоева Адиба Қаландаровна |
Таърихи таваллуд: | 5 июл 1971 (53 сол) |
Зодгоҳ: | маҳаллаи Тути Калон, Хуҷанд, вилояти Ленинобод |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳои адабӣ: | Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Қутбӣ Киром |
Зиндагинома
вироишАдиба Мирзоева 5 июли соли 1971 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Дастпарвари шуъбаи суханшиносии ДДХ (солҳои 1988—1992) мебошад. Соли 1993 фаъолияти кории худро дар шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба сифати котиба-коргузор оғоз намуда, солҳои 1996-98 дар ширкати телевизионии «Темурмалик» ба сифати муҳаррири барномаҳои адабӣ фаъолият дошт. Адиба аз соли 1998 чун мушовир ва мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Хуҷанд» адои вазифа дорад. Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.
Эҷодиёт
вироишМаҷмӯаи ашъораш бо номи «Пайғоми саҳар» (соли 1995), «Гиряи ишқ» (соли 1999), «Ситорачин» (2001), «Ҳиҷрони офтоб» (соли 2003) интишор шуда, аз ҷониби хонандагон хуш истиқбол ёфтаанд. Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Инчунин китоби ку бо номи Накхати гулхони гумгашта соли 2008 интишор ёфта аст. У яке аз шоирони номвари замон буда бо ашъори ноби хеш камназир аст. Шеърҳояш дар Чумхури ва берун аз он шуҳрат доранд.соли 2012 китоби ӯ бо номи «Гунчаборон» дар шаҳри Хуҷанд интишор ёфт, ки ба хотираи неки устодаш доктори илмҳои филологи, олими нотакрор Абдулманнон Насриддини Хуҷанди бахшида шудааст. китоб аз 330 сахифа иборат буда, фарогири шеъри ҷадид ва шеъри суннатист.
Ҷоизаҳо
вироишБарандаи Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Қутбӣ Киром. Аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
- медали Хидмати шоиста (2024)
Эзоҳ
вироиш- ↑ Адибаи Хуҷандӣ. www.navisandagan.tj. 5 июли 2017 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш- Саҳифаи расмии Адибаи Хуҷандӣ дар шабакаи иҷтимоии Facebook