Адир
Адир, теппаҳои нисбатан паст ва ҷаридори кӯҳдоманҳо, ки дар атрофи водиҳо ҷой гирифтаанд. Дар Осиёи Марказӣ асосан водиҳои Фарғона, Зарафшон, Ҳисор, Вахш адирҳо доранд. Мардуми маҳал ҳар навъ кӯҳдоманҳои серхокро низ Адир меноманд. Адир нисбатан ба ҳамвории ҳамҳудудаш аз 100 то 400 метр баландтар буда, аз таҳнишастаҳои палеоген, неоген ва давраи чорумин - регсанг, конглоперат (манг), лёсс ва ғайраҳо таркиб ёфтааст. Дар Адир бештар рустаниҳои эфемерӣ (хоклес) мерӯянд. Заминҳои нисбатан ҳамвортари Адирҳо барои ғаллакорӣ истифода мешаванд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.