Аднексит
Аднексит — газаки найчаҳои бачадон ва тухмдон. Ангезаи аднексит стафилококкҳо, стрептококкҳо ва ғайра мебошанд.
Баъзан ҳангоми ба бачадон дохил кардани моддаҳои гуногуни химиявӣ (масалан, йод, спирт) низ пайдо мешавад. Микробҳо ба зоидҳои бачадон дар вақти исқот, хусусан исқоте, ки берун аз бемористон гузаронида мешавад, таваллуд, алоқаи ҷинсӣ, инчунин бо хуну лимфа аз дигар узву бофтаҳо (ҳангоми бемориҳои гуногуни сироятӣ, масалан, сил, гулӯдард ва газаки узвҳои дарунӣ) ворид мегарданд. Тамоми омилҳое, ки қобилияти дифоии организмро суст мекунанд, инчунин риоя накардани беҳдошти шахсӣ боиси инкишофи аднексит мегарданд. Ҳангоми аднексити шадид поёни шикам, атрофи чорбанд, хусусан дар вақти қазои ҳоҷат, пешобронӣ ва кори ҷисмонӣ сахт дард мекунад. Ҳарор. бадан то 39°С баланд мешавад; дар ҳолатҳои вазнини беморӣ дил беҳузур шуда, шахс қай ва шикамаш дам мекунад. Агар бемор сари вақт ва дуруст муолиҷа кунад , зуд ва пурра шифо меёбад. Ихроҷи ҳаррӯзаи наҷосат ва шоша зарур аст. Алоқаи ҷинсӣ ва истеъмоли хӯрокиҳои тунд манъ мебошад. Ҳангоми аднексити музмин беморӣ дар натиҷаи хунук хӯрдан, хастагӣ, дар вақти ҳайз ва баъди исқот шиддат ёфта, дард зиёд, ҳарор. бадан баланд ва ҳайз вайрон (фаровон ва дарднок) мешавад. Кафшеракҳое, ки бинобар илтиҳоб дар найчаҳои бачадон пайдо мешаванд, садди роҳи гузарониши онҳо мегарданд ва имкон дорад ба бенаслӣ оварда расонанд. Дар сурати дурудароз идома ёфтани аднексит (бештар аз 2 – 3 сол) сар задани ихтилоли нейроэндокринӣ аз эҳтимол дур нест. Барои пурра шифо ёфтан муолиҷаи мунтазам ва дуру дароз лозим аст. Тибби амалӣ барои табобати аднексит воситаҳои гуногун дорад. Хусусан таъйиноти физиотерапевтӣ, муолиҷаи санаторию курортӣ, варзиши шифоӣ, доруҳои зидди газак ва ғайра муҳиманд. Барои баланд шудани қобилияти дифоии организм варзиши сабук, сайру гашт дар ҳавои тоза, хӯроки серғизо, сабзавот, меваҳо тавсия мешавад. Ҳангоми авҷ гирифтани беморӣ ( дарди поёни шикам, бад шудани аҳвол ва ғайра) сари вақт ба духтур муроҷиат намуда, таъйиноти ӯро иҷро кардан зарур аст. Пойро тар кардан, дар рӯи санг ва замини нам нишастан (хусусан дар вақти ҳайз) манъ аст; дар ҳавои хунук ва нам либоси гарм пӯшидан лозим. Баъди сиҳат шудан, зан бояд камаш 3 моҳ таҳти назорати духтур бошад. Аз исқот ва алоқаи ҷинсии тасодуфӣ худдорӣ бояд намуд. Қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, инчунин баъд аз исқот ва таваллуд тавсияҳои беҳдоштии махсусро риоя кардан зарур мебошад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Атабеков Д. Н., Гнойные очаги в малом тазу у женщин (клиника и терапия), М., 1957;
- Буянов В. М., Лимфогенная детоксикация, М., 1990;
- Громыхина Н. Ю., Крымская Л. Г. (ва дигар), Механизмы иммунорегуляторной функции микрофагов.
- Патогенез хронического воспаления, Новосибирск, 1991;
- Бородин Ю. И., О функциональном взаимодействии сорбирующих веществ с лимфатическими структурами, Новосибирск, 1995.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.