Адрасмон
Адрасмон — шаҳрак (аз 26 марти 1941), тобеи шаҳри Гулистон.
Шаҳрак | |||
---|---|---|---|
Адрасмон | |||
Акс:File:Adrasman, Tajikistan - panoramio (21).jpg | |||
|
|||
Кишвар | Тоҷикистон | ||
Вилоят | Суғд | ||
Ноҳия | Гулистон | ||
Координатаҳо | 40°38′44″ а. шим. 69°59′25″ т. ш.HGЯO | ||
Таъсис | 26 марти 1941 | ||
Забони расмӣ | тоҷикӣ | ||
Аҳолӣ | 14 600 нафар (2015) | ||
Ҳайати миллӣ | тоҷикон, ӯзбакҳо, русҳо | ||
Ҳайати динӣ | мусулмонон, масеҳиён | ||
Вақти минтақавӣ | UTC+5 | ||
Коди телефон | +992 3453, +992 92 | ||
Нишонаи почта | 735780 | ||
Коди мошин | TJ02 | ||
ҶуғрофиёВироиш
Дар қисми шимолии вилояти Суғд, байни қаторкӯҳҳои Қаромазору Қурама ҷойгир аст. Аввал ҳамчун деҳа ба ҷамоати деҳоти Қаромазори ноҳияи Ашт тобеъ буд. Аҳолиаш 12910 нафар (2009), тоҷикон, ӯзбекҳо ва миллатҳои дигар. Аз Адрасмон то шаҳри Қайроққум 72 км; роҳ асфалтпӯш.
ИқтисодВироиш
Адрасмон 5 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби мусиқӣ, нуқтаи санитарии тиббӣ, 2 дорухона, 2 китобхона, 2 клуб, 8 нуқтаи хидмати маишӣ, боғчаи кӯдакон, 12 нуқтаи савдои хусусӣ, 5 ошхона ва чойхона дорад. Адрасмон аз қадим бо маъданҳои рангаи худ машҳури ҷаҳон буд. Аз конҳои назди Адрасмон маъдани сурб, нуқра, руҳ, тило, уран ва висмут истихроҷ мекунанд. Корхонаҳои асосии Адрасмон: Комбинати полиметаллии давлатии «Қаромазор» (1927), идораҳои кони Консой (1937) ва кони Қаромазор (1956), заводи таҷҳизоти пастшиддати барқии Адрасмон (1959), Комбинати қӯрғошиму руҳ (1970), Идораи шахтасозии Адрасмон (1972), Комбинати маъдантозакунӣ (1993).
ЭзоҳВироиш
АдабиётВироиш
- Қомуси Қайроққум, Х., 2004.
СарчашмаВироиш
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.