Адсорбентҳо
Адсорбентҳо — ҷисмҳои табиӣ ё сунъие, ки моддаҳоро аз газҳо ва маҳлулҳо ҷаббида мегиранд (фурӯ мебаранд). Хосияти ҷаббандагии адсорбентҳо аз таркиби химиявӣ ва ҳолати физикавии сатҳи онҳо, аз ковокӣ ва сатҳи хос (сатҳе, ки ба 1 г модда рост меояд) вобаста аст. Адсорбентҳо масомадор (ковок) ва бемасома мешаванд. Сатҳи хоси адсорбентҳои бемасома (кристаллҳои майдакарда, зарраҳои дуд, дуда) аз 1 то 500, сатҳи хоси адсорбентҳои масомадор (силикагелҳо, алюмогелҳо, катализаторҳои алюмосиликатӣ, ангишти фаъол) бошад то 1000, мешавад. Адсорбентҳои бемасомаи дисперснокиашон баландро асосан дар натиҷаи нопурра сӯхтани карбогидридҳо, сӯзондани пайвастҳои элементоорганикӣ ё галогенопайвастҳо ҳосил мекунанд. Тарзи ҳосил кардани адсорбентҳои масомадор чунин аст: бо роҳи таъсири химиявӣ ҷисмҳои сахти дуруштдисперсиро ба ҷисмҳои масомадор табдил медиҳанд; аз маҳлулҳои коллоидӣ (золҳо) гел таҳия карда мешавад; дар аснои хушкондани чунин гелҳо аз тарқишҳои байни зарраҳои коллоидӣ ҳалкунанда дур гашта, масолеҳи ковок ҳосил мешавад. Адсорбентҳоро дар саноати химияи нефт барои тоза кардани маҳсулоти нефт ва газҳо, ҳамчунин дар тиб, техника истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.