Аждардаҳон, гулимаймун, гулихандон, сагдаҳон (лот. Antirrhínum — як навъ рустании як, ду ва бисёрсолаи ороишӣ.

Аждардаҳон
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Antirrhinum L., (1753)
Номенклатурный тип

Тавсифоти билогӣ

вироиш

Баландиаш аз 15 то 100 см. Пояаш сершоху барг, баргҳояш нештаршакл ё байзашакл, рӯ ба рӯ ё пай дар пай ҷой гирифтаанд. Гулаш дуҷинса, гулбаргҳояш сафед, зард, гулобӣ, норанҷӣ, сурх (мисли «даҳони аждар»). Ғӯзааш байзашакл (дарозиаш 1217 мм), сертухм ва сермӯяк, тухмаш майда.

Намудҳо

вироиш

Қариб 50 намудаш дар минтақаҳои гарми иқлими ҷаҳон паҳн гардидааст. Соли 1940 ба Боғи ботаникии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон як намуди аждардаҳон – аждардаҳони бӯстонӣ (A. majus) оварда шуд. Алҳол онро дар боғу гулбоғ, хиёбону растаҳо парвариш мекунанд. Аждардаҳони бӯстонӣ гули равшанипарвард ва сармобардор аст. Аз тухм ва қаламча зиёд мешавад. Пояаш рост ва сершоху барг, то 1 м қад мекашад. Аз моҳи майиюн то фарорасии сармо шукуфта, тухм мебандад. Гултӯдааш хӯшамонанд, гулҳои алоҳидааш нисбатан калони мӯякдор (дарозиаш 3,5 см, бараш 3 см) ва хушбӯй, рангаш арғувонӣ, зард, сафед, сурх ва ғайра Алҳол 7 навъи он ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ гардонда шудааст. Тақрибан 34 рӯз пеш аз кишти тухмӣ ё шинондани кӯчати аждардаҳон, барои нест кардани алафҳои бегона ба ҳар га замин 4 л маҳлули трефлан мепошанд. Тухми аждардаҳонро ба замини нарму ҳосилхез дар чуқурии то 2 см (охири тирамоҳ; дар бӯстонҳо – зимистон) коштан беҳтар аст. Тухмиро баробари гарм шудани хок моҳи апрели ҳам коштан мумкин. Он баъди 1214 рӯз неш зада мебарояд. Навъҳои зудраси аждардаҳон баъди 7080 рӯз, деррасаш баъди 90100 рӯзи коштани тухмӣ мешукуфанд. Кӯчаташро аввалҳои моҳи май мешинонанд. Аз навъҳои дурагаи гетерозисӣ навъи гултӯдааш калони камбаргу камшохи «Мадам Баттерфляй» рӯёнда шудааст; он дар ҳама гуна шароити обу ҳаво нағз месабзад. Аждардаҳон аз тортанаккана, трипс, ширинча, зиреҳаку нематодаҳо осеб дида, ба касалиҳои фузариоз, занбӯруғҳои гарда, занга, септориози барг, пӯсиши реша ва ғайра гирифтор мешавад. Тухми аждардаҳонро дар халтаҳои латтагин нигоҳ медоранд. Қобилияти сабзиши тухмӣ чанд сол маҳфуз мемонад.

Адабиёт

вироиш
  • Глебова A. А., Травянистые растения, дар кит.:
  • Растения для декоративного садоводство, М., 1986;
  • Дрягина И. В., Кудрявцев Д. Б., Селекция и семеноводство цветочных культур, М., 1986;
  • Головкин Б. Н., Декоративные растения СССР, М., 1986;
  • Юнусов С. Ю., Семейство норичниковые, дар кит.:
  • Флора Таджикской ССР, т. 8, Л., 1986.

Сарчашма

вироиш