Азамат Тӯраев
Азамат Анварович Тӯраев (Тав. 20.12.1971, ш. Душанбе) — рассом. Узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (2006). Фарзанди Коргардони синамои киностудияи «Тоҷикфилм» Анвар Тӯраев.
Азамат Анварович Тӯраев | |
Таърихи таваллуд | 20 декабр 1971 (52 сол) |
Зодгоҳ: | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Табаият | |
Жанр | рассоми саҳнаоро |
Зиндагинома
вироишАзамат Анварович Тӯраев дар Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов таҳсил намудааст (1989–1994). Рассоми саҳнаорои киностудияи «Тоҷикфилм» (1995–1999), рассоми Агентии рекламаи «Абрис-дизайн» (1999–2001). С. 2001–06 дизайнер-ороишгари сохтмони сафорати ИМА дар Тоҷикистон Аз с. 2006 – дар киностудияҳои гуногуни ИДМ аз рўи қарордод бо гуруҳҳои филмбардор ба ҳайси рассоми саҳнаоро, рассоми ҷиҳозот ҳамкорӣ мекунад. Дар офаридани фильмҳои «Лунный папа» («Падари моҳтобӣ», 1999), «Шик» («Қашанг», Россия – Олмон – Швейсария, 2003), «Родина ждет» («Ватан интизор аст», 2003), «Танкер «Танго» (2006) саҳм гузоштааст.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6