Анвар Тӯраев
Анвар Бурҳонович Тӯраев - коргардони синамои киностудияи «Тоҷикфилм». Ходими хизматнишододаи санъати Тоҷикистон (1989). Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон (1991-1996).
Анвар Бурҳонович Тӯраев | |
| |
Таърихи таваллуд: | 21 июн 1934 (90 сол) |
Зодгоҳ: | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | коргардони филм, ҳунарпеша |
IMDb: | ID 0876864 |
Зиндагинома
вироишАнвар Тӯраев 21 июни 1934, гузари Гӯри мири шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст, Фарзанди Бурҳон Тӯраев. Дастпарвари мактаби миёнаи № 8 ш.Сталинобод (ҳоло – Душанбе, 1952). Омӯзишгоҳи Шепкини Москваро хатм кардааст (1958). Ҳунарпешаи ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ (1958-1963), муҳарири шуъбаи кинохроникаи “Тоҷикфилм” (1963-1970). Солҳои 1964-1970 дар Институти умумиитифокии давлатии кинематография (ВГИК, Москва) дар сабақхонаи М.И. Ромм таҳсил кардааст. Солҳои 1970 – 1990 коргардони синамои киностудияи «Тоҷикфилм». Солҳои 1981-1986 котиб ва 1991 -1996 Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон буд Соли 1994 ба ш. Алма-Ато кӯчидааст.[1][2].
Эҷодиёт
вироишДар синамо дар якчанд филмҳои киностудияи «Тоҷикфилм» ҳамчун ҳунарпешаи синамо нақш офаридааст. Коргардони филмҳои бадеии
- “Духтари сеюм” (соли 1970) (дар заминаи қиссаи ҳамноми Фотеҳ Ниёзӣ),
- “Ишқи аввалини Насриддин” (соли 1977) (дар заминаи қиссаи ҳамноми Темур Зулфиқоров),
- “Гузаштаатро фол бин”,
- “Ман писанди ӯ”,
- “Ҳамла”,
- “Дарди ишқ” (соли 1989),
- “Тӯҳмат” ва диг.
ва филмҳои телевизионии
Пайвандҳо
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Анвар Тӯраев тарки Тоҷикистон кард(тоҷ.). www.ozodi.org. 8 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Сомонаи «Тоҷикфилм»(тоҷ.). www. tojikfilm.tj. Анвар Тӯраев тарки Тоҷикистон кард. 8 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — С.134.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6
- ↑ Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — 396 с. — С. 208-2009. (рус.) ISBN 978-99947-919-4-1.