Аздод
Аздод (арабӣ ҷамъи муқобил) — дар фалсафа таъсири мутақобили ҷиҳатҳои мухолифи ашёю ҳодиса ва ваҳдати ботинии онҳо. Дар фалсафаи бостонии Юнону Эрон ва асрҳои миёнаи Шарқ дар шаклу намудҳои гуногун зоҳир шудааст. Муборизаи нуру зулмат, хайру шар, покию зиштӣ ва ғайра дар Зардуштия, муқобилгузории ваҳдату касрат, собиту мутағаййир, ҳодису қидам, улвию сифлӣ, имкону воҷиб ва ваҳдати ботинии онҳо ба мавҷудияти аздод дар афкори ақлии мутафаккирон шаҳодат медиҳанд. Ин нукта хусусан дар афкори натурфалсафаи онҳо бараъло мушоҳида мешавад ва масъалаи нуқсу камол, шиддату заъф ва ғайра ба мадди аввал мебарояд. Нигар низ Зиддият.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.