Азиз Гиёзода (Гиёзода Азиз Қодир; зод. 7 октябри 1969, ноҳияи Шуғнон, ҶШС Тоҷикистон) — давлатмарди тоҷик, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Азиз Гиёзода
Гиёзода Азиз Қодир
Таърихи таваллуд: 7 октябр 1969(1969-10-07) (55 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Шуғнон , ВМКБ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Хоруғ
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Азиз Гиёзода 7 октябри соли 1969 дар ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва соли 2011 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро хатм кардааст.

Корнома

вироиш
  • 1997—2001 — назоратчӣ-тафтишотчии Раёсати назоратии тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ;
  • 2001—2002 — сармуҳосиби Шуъбаи молияи шаҳри Хоруғ
  • 2002—2003 — мутахассиси пешбар оид ба назорати дохилӣ ва аудитории Маркази хазинадории Идораи молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • 2003—2005 — сармутахассиси Идораи дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будаи Кумитаи назорати давлатии моляивии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2005—2006 — сардори Департаменти молияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • 2006—2013 — муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ;
  • 2013—2020 — раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон[1];

Азиз Гиёзода 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[2]

Сарчашма

вироиш