Азизи Хоҷа (Азиз Хоҷаев; 16 декабри 1930, деҳаи Хоҷаёқуб, ноҳияи Обигарм —?, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод) — механизатор, овозхон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1996).

Азиз Хоҷаев
Таърихи таваллуд 16 декабр 1930(1930-12-16) (93 сол)
Зодгоҳ
Маҳалли даргузашт
Пеша овозхон
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Азиз Хоҷаев 16 декабри соли 1930 дар деҳаи Хоҷаёқуби ноҳияи Обигарм ба дунё омадааст. Соли 1944 мактаби 7-соларо хатм намуда, дар колхози НКВД ба ҳайси колхозчӣ кор кардааст. Солҳои 1949—1953 механизатор буд. Солҳои 1954—2010 дар вазифаҳои гуногуни шуъбаи фарҳанги ноҳияи Файзобод фаъолият намудааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барои хидматҳои шоистааш соли 1996 бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр шудааст[1].

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Душанбе, 2011. СИЭМТ, С. 256. — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4

Пайвандҳо

вироиш