Азим Азизов
Азим Азизов (20 ноябри 1953, Хуҷанд — 26 августи 2010, Душанбе) — духтури кӯдакон, доктори илмҳои тиб (2000), профессор (2002).
Таърихи таваллуд | 20 ноябр 1953 |
---|---|
Зодгоҳ | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт | 26 август 2010 (56 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Фазои илмӣ | тиб |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1977) |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултети педиатрии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (ИДТТ) ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Духтури кӯдакон (1977 — 83), ординатори кафедраи бемориҳои кӯдакони ИДТТ (1983 — 85), аспиранти Институти тиббии шаҳри Ростови Федератсияи Россия (1985 — 88), ассистент, дотсент (1988 — 97), мудири кафедраи таълими бемориҳои кӯдакони ДДТТ (аз 1997).
Фаъолияти илмӣ
вироишОид ба масоили нефрологияи кӯдакон як силсила тадқиқот анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, 8 тавсияи методӣ ва пешниҳоди навоварона аст. Мақолаҳояш дар хориҷи кишвар ба табъ расидаанд. Таҳти роҳбарии ӯ кафедра ба масъалаи омӯзиши пулмонологияи кӯдакон машғул буд.
Осор
вироиш- Тавсиянома оид ба нигоҳубини беморон, Д., 2006;
- Оценки качество жизни детей с пиелонефритом и гломерулонефритом, Д., 2004;
- Особенности течения заболевания мочевыделительной системы у детей, маҷаллаи «Педиатрия», 2008;
- Клинико-иммунологической особенности тяжелых пневмонии у детей раннего возраста, маҷаллаи «Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон», 2008.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Азизов Азим // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.