Азия-Плюс (ширкати радиову телевизион)
«Азия-Плюс» — нахустин ширкати радиову телевизионии мустақили ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки яке аз 3 ширкатҳои мустаъқили ҶДММ «Оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс» аст.
«Азия-Плюс» | |
---|---|
Шаҳр | Душанбе |
Кишвар |
![]() |
Формат | иттилоотӣ, фарҳангию дилхушӣ |
Басомад | 107 FM |
Замони пахш | шабонарӯзӣ |
Минтақаи пахш |
![]() |
Забон | тоҷикӣ ва русӣ |
Таърихи оғози пахш | 9 сентябри 2002 |
Вебгоҳ | http://www.asiaplustj.info |
https://www.facebook.com/newstj | |
Пахши зинда | asiaplusradio.tj |
ТаърихВироиш
Соли 1996 таъсис ёфтааст. Дар сохтори «Азия-плюс» радиостансияи «Азия-Плюс» фаъолият дорад, ки садояш бори аввал 9 сентябри 2002 дар Рӯзи Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон пахш шуд. Барномаҳои радиои «Азия-плюс» дар як шабонарӯз 24 соат ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шунавонида мешаванд. Аз барномаҳои радиои «Азия-плюс» сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он истифода мебаранд. Дар сохтори «Азия-плюс» продакшнстудияи телевизионӣ низ фаъолият дорад. Студияи мазкур ба истеҳсоли филмҳои ҳуҷҷатӣ, наворҳои рекламавӣ ва клипҳои мусиқӣ машғул аст. «Азия-плюс» дар давраи фаъолияташ як қатор иқдому лоиҳаҳои бузург доир намудааст: маросими супоридани ҷоизаҳои мусиқӣ дар соҳаи санъати мусиқии муосири Тоҷикистон «Суруди сол» (2003, 2004, 2005) ва «Навои дил» (2007), консерти идона бахшида ба 13-солагии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон (2004), иқдомҳои иҷтимоии «Маҳбуб», «Форуми бачагонаи об» (бо фармоиши СММ ва ЮНИСЕФ; 2003), консертҳои ҷашнӣ бахшида ба 80-солагии КВД ҳавопаймоии «Тоҷикистон» (2004), Рӯзи энергетикҳо (2005), маросими ботантанаи аз нав саршавии сохтмони НБО Роғун (бо фармоиши ширкати РусАл, шаҳри Роғун; 2005), маросими ботантана кушодашавии меҳмонхонаи «Ҳаёт-Реҷенс»-и Душанбе (бо фармоиши ширкати «Русские отели, 2009») ва ғайра.[1]
Ҳамчунин нигаредВироиш
ЭзоҳВироиш
ПайвандҳоВироиш
СарчашмаВироиш
- Азия-Плюс // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.