Азов — баҳри дар вилояти Ростови Россия воқеъ буда, ба ҳавзаи Уқёнуси Атлантик мансуб аст. Онро гулӯгоҳи Керч бо Баҳри Сиёҳ мепайвандад.

Масоҳат ва чуқурӣ

вироиш

Масоҳаташ 38 ҳазор км2; ҳаҷми об ба ҳисоби миёна 320 км3. Чуқуриаш ба ҳисоби миёна 8 м, ҷойи аз ҳама чуқураш 14 м. Соҳилҳои ғарбӣ, шимолӣ ва шарқиаш асосан паст, аз регсангҳои гӯшмоҳидор таркиб ёфтаанд. Соҳилҳои ҷанубӣ бештар ҷарӣ доранд. Таги баҳр ҳамвор буда, дар қисми марказ андаке нишеб аст. Қисми ҷанубӣ шарқии Азов вулқонҳои лойфишон дорад. Халиҷҳои кушоди калонаш: дар Шиммол шаҳрҳои Таганрог, дар Ҷануб Шарқ Темрюк, дар Ҷануб Ғарб Арабат.

 
Баҳри Азов дарназдикии Мариуполя

Ҷазираҳо ва дорёҳо

вироиш

Ҷазираҳои пасти начандон калон – Бирючий, Песчанйе, Черепаха дар назди соҳилҳо ҷойгиранд. Ба Азов дарёҳои калони Дон, Кубан, дарёчаҳои Миус, Бердя, Обиточная мерезанд.

Иқлим

вироиш

Иқлими атрофи баҳр континенталист. Зимистонаш хушки сард, тобистонаш гарм. Ҳарор. миёнаи ҳаво дар моҳҳои январ ва феврал аз –10С то –6 0С, дар июл 23 – 24 0С. Боришоти солона – 300 – 500 мм. Оби баҳр тира, ҳарор. об тобистон 25 – 300С, зимистон аз 00С пасттар. Охирҳои декабр то аввали март ях мебандад. Шӯриаш 9 – 11%о, дар назди резишгоҳҳо то 2 – 4‰ ва камтар аст. Вобаста ба самти вазиши бод ҷараёни об тағйир меёбад. Аз Азов тосмоҳӣ, симмоҳӣ, сагмоҳӣ, шӯрмоҳӣ, судак, таран, шемая, хамса ва ғайра шикор мекунанд. Азов ҳамчун роҳи нақлиёти баҳрӣ аҳамияти калон дорад. Бандарҳои калонаш: Таганрог, Жданов, Ейск, Бердянск.

Сарчашма

вироиш