Азозил, Иблис — яке аз номҳои қадимии Шайтон пеш аз он ки нофармонӣ кард.

Азозил ва «бузи талиқа». Луи Бретон, 1825,

Азозил дар ривоёти исломӣ

вироиш

Тибқи ривоятҳои исломӣ яке аз се фариштаест (дар баробари Ҳорут ва Морут), ки Худованд онҳоро ба замин фиристод, то монанди одамиён зиндагӣ кунанд ва аз ҳаромҳо бипарҳезанд, вагарна танбеҳ дода мешаванд. Пас аз муддате Азозил донист, ки дар замин аз амалҳои ношоиста парҳез кардан ғайриимкон аст. Азозил зимни изҳори нотавонӣ назди Худованд арз кард, ки аз уҳдаи чунин имтиҳон баромадан барояш душвор аст. Вале ду тани дигар дар пайи анҷоми амри ба онҳо фармуда шуданд ва ба доми фиреби зане (Зӯҳра-Ноҳид) афтоданд. Онҳо шароб нӯшиданд ва Исми аъзамро ба он зан гуфтанд. Дар мукобили ин кирдор дар Чоҳи Бобул сарозер овехта шуданд ва то рӯзи растохез дар чунин ҳол хоҳанд монд.

Азозил дар ривоёти пешазисломӣ

вироиш

Азозил дар Таврот номи «бузи талиқа» (бузи қазо ва балогардон) ваё номи дев ё ҷиннест ки бузи талиқаро барои ӯ фиристод ва дар манобеъи ғайри муътабари яҳуд номи фариштаест, ки аз мақоми худ суқут кард[1].

Азозил дар дабиёти форс-тоҷик

вироиш

Азозил дар адабиёти форс-тоҷик ҳамчун образи шеърӣ ба маънои шайтон, рӯҳи палид истифода шудааст:

В-агар дардиҳад як садои карам,
Азозил гӯяд насибе барам.
Саъдӣ

Шуд Азозиле аз ин мастӣ балис,
Ки чаро Одам шавад бар ман раис?!
Ҷалолуддини Румӣ
Бад зи густохӣ кусуфи офтоб,
Шуд Азозиле зи ҷуръат ради боб.
Ҷалолуддини Румӣ

Адабиёт

вироиш
  • Ёҳақӣ Муҳаммад Ҷаъфар, Фарҳанги асотир ва ишороти достонӣ дар адабиёти форсӣ, Т., 1375 ҳ. ш.

Сарчашма

вироиш