Азоқирия
Азоқирия — як фирқаи дини ислом. Муассисаш Азоқир Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Алии Шалмағонӣ (асри 10). Ӯ соли 933 дар Бағдод даъвои ҳулули Худо дар колбадаш кард ва худро рӯҳулқудс хонд. Бино ба таълимоти азоқирия, агар Худованд дар ҷасади носутӣ ҳулул кунад, дар он қудрату муъҷиза ба зуҳур мерасад ва он ҷасад ба Худо восил мешавад. Чунин ҳодиса гӯё ба ҳафт одам – Идрис, Нӯҳ, Ҳорун, Довуд, Сулаймон, Исо, Алӣ ибни Абитолиб рух дода буд ва баъди Алӣ рӯҳи илоҳӣ дар Алии Шалмағонӣ комилан ҳулул кардааст. Азоқирия Худоро исме медонад, ки ба қалби мардум ҳулул карда, чизҳои ниҳонро ба тариқи мушоҳида аён месозад. Пайравони азоқирия – Абдуллоҳ ибни Сулаймон, Аҳмад ибни Мунаҷҷим ва дигар аз таълимоти аҳкомпарастона роҷеъ ба Худо даст кашида, таъкид кардаанд, ки мардум ба касе эҳтиёҷ пайдо кунад, вай Худои он ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳар фард ба мақомулваҳият расида метавонад. Азоқирия Ҳасану Ҳусайнро ба Алӣ ибни Абитолиб мансуб намедонад. Малоика, бино ба таълимоти пайравони азоқирия, касоне мебошанд, ки зимоми нафси худро дар даст доранд ва ҳақро мешиносанд. Шахсоне, ки пайрави Азоқирия мебошанд, ба биҳишт ва онҳое, ки азоқирияро қоил нестанд, ба дӯзах мераванд. Азоқирия тарки намозу рӯза ва ғуслро раво медонад. Нуқтаи муҳимтарини таълимоти азоқирия эътиқод ба мавҷудияти зидҳост. Ба ақидаи Шалмағонӣ Худо зидро барои он халқ кардааст, ки ба воситаи он мухолифашро дарк кунад. Аз ин рӯ, пайравони азоқирия мақоми зидро аз мақоми авлиё бартар медонанд. Онҳо ба оли Абитолиб ва банӣ Аббос нафрат доштанд ва ҳалокати онҳоро воҷиб мешумориданд. Ҳоло азоқирия ҳамчун фирқаи мустақил вуҷуд надорад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.